Ҳавопаймои мусофирбари ширкати Etihad Airways, ки аз Абу-Даби ба Лондон парвоз мекард, бар асари авҷ гирифтани тӯфони “Деннис” дар хатти нишасти фурудгоҳи Хитроуи Лондон дар ҳаво “муаалақ монд”. Тавре Медуза иттилоъ медиҳад, навори видеои фуруд омадани ҳавопаймо дар шабакаи SpeedbirdTV нашр шудааст.
Дар сабти видео дида мешавад, ки ба асари шамоли сахт ҳавопаймо якчанд сония гӯё дар хатти нишаст овезон монда, рост фуруд намеояд. Дар бораи осебдидагон ҳангоми нишасти ҳавопаймо маълумот дода намешавад.
Ин ҳодиса рӯзи 15-уми феврал бо ҳавопаймои тамғаи Airbus A380 рух додааст. Он бузургтарин ҳавопаймои мусофирбар дар ҷаҳон мебошад, ки вазни ҳадди ниҳоияш ҳангоми фурудоӣ 394 тоннаро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.