Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер хабар медиҳад, ки дар нуқтаҳои гуногуни Афғонистон даъвати Аҳмади Масъуд раҳбари ин ҷабҳаи муқовиматро хуш истиқбол кардаанд ва қиёмҳои миллие алайҳи Толибон шакл гирифтааст.
Дирӯз Аҳмади Масъуд баъди ҳамлаҳои густардаи Толибон бар Панҷшер ва тасарруф кардани бахше аз вилоят, дар як паёми савтӣ аз мардуми Афғонистон хост, ки алайҳи Толибон қиём кунанд, зеро дар ҳамлаи Толибон бар Панҷшер неруҳои вижаи Покистон ва паҳпод (ҳавопаймоҳои бесарнишин)-и ин кишвар низ Панҷшерро бомбаборон кардаанд.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер, навиштааст, ки баъди фарохонӣ (даъват)-и раҳбари Муқовимати миллӣ дар кишвар хезишҳои саросарӣ садо баланд кардаанд ва инро фасли ҷадиде аз муборизаи мардуми Афғонистон донистааст.
"Аз ваҷаб-ваҷаб хоки сарзамини озодагон садои озодӣ, адолат ва ҳайҳоти миназзулиҳи баланд шудааст. Ин фасли ҷадиде аз таърихи муборизаҳои мардуми мост ва ин бор чунон лашкари ҷаҳлу таассуб шикаст бихурад, ки ҳаргиз дигар сар боло карда натавонад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ танҳо пирӯзиро қабул дораду бас!",-навиштааст Назарӣ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо корбари аз Афғонистон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон шаби 6 ба 7-уми сентябр наворҳо аз қиёмҳои мардумиро коридаанд ва ҳамрайъии худро бо даъвати Аҳмади Масъуд эълом кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин хезишҳо бештар занон фаъол будаанд. Саҳфаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳфаи Твиттараш аз занони эътирозгари Кобул, Булх, Бомиён, Дойкундӣ ва Ҳирот ташаккур кардааст.
Бархе аз видеоҳои қиёмҳои мардумиро метавонед дар саҳфаи фейсбукии Азия-Плюс ва гуруҳи фейсбукии мо тамошо кунед.
То кунун вокуниши расмии Толибон ба ин қиёмҳо маълум нест, аммо бархе аз тазоҳуроткунандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки неруҳои Толибон онҳоро пароканда кардаанд ва лайҳашон аз зӯру хушунат низ кор гирифтаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста