Ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо манъшуда) аз гуфтаҳои президенти Русия Владимири Путин дар бораи имкони хориҷшавӣ аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ истиқбол мекунад.

Тавре РБК бо истинод ба ANI News хабар медиҳад, намояндаи ВКХ Афғонистон Абдул Қаҳҳор Балхӣ изҳор доштааст, ки “замони ҷанг” дар Афғнистон ба поён расида, кишварҳои дигар муносибаташонро бо Кобул бояд ба таври мусбӣ тағйир бидиҳанд.

"Мо саъйу талош дорем, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асоси усули мутақобила робитаҳои мусбат дошта бошем", - гуфтааст намояндаи ВКХ-и кишвар.

Қаблан 21 октябр Путин зимни суханронӣ дар форуми Валдай аз эҳтимол дур надонист, ки ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карда шавад. Президент ишора кард, ки ин тасмим дар сатҳи СММ гирифта шуда, маънои онро дорад, ки худи созмон бояд ин қарорро бекор кунад.

"Ба назарам чунин менамояд, ки мо ба ин наздик шуда истодаем <...> Мавқеи Русия дар он ифода хоҳад ёфт, ки маҳз дар ҳамин самт талош мебояд варзид", - иброз дошт Путин.

Шӯрои амнияти СММ соли 2003 ҳаракати “Толибон”-ро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил кард. Нимаи моҳи августи соли равон ВКХ Русия хабар дода буд, ки Маскав метавонад расмиёти аз рӯйхати террористӣ хориҷ карданро роҳандозӣ намояд, лекин аввал Шӯрои анмият бояд ҳаракатро аз рӯйхати террористии худ хориҷ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин соли 1999 алайҳи тлибон як қатор таҳримҳо ҷорӣ намуда, аз ҳамон сол онҳо якчанд бор тағйиру тасҳеҳ шуданд. Дар таҳримҳои ҳозира сафари аъзои ҳаракат ба дигар кишварҳо, транзит тариқи қаламрави онҳо, манъи воридоти силоҳ, қатъи амали дороиҳо пешбинӣ шудааст.

Охири моҳи сентябр “Толибон” аз Русия ҷиҳати коҳиши фишор тариқи таҳримҳо кумак дархост намуд. Ду рӯз пештар намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя зикр карда буд, ки масъалаи бекор кардани таҳримҳо “худи ҳозир дар рӯзнома нест”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.