Баъди боздошти Эван Гершкович, журналисти “The Wall Street Journal” аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии амният (ФСБ) Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки Русияро тарк кунанд. Дар ин бора BBC иттилоъ медиҳад.
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА гуфт, “амрикоиҳо бояд ба маъмурияти президенти худ гӯш диҳанд ва ба Русия нараванд”.
Ин маротиба аввал нест, ки мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ тақозои тарки Русия мекунанд. Дар оғози низои Русия ва Украина низ низ Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дода буд, ки Русияро тарк кунанд.
Ҳамчунин, Кохи сафед низ бо нашри изҳорот “таъқиби шаҳрвандони Амрико аз сӯи мақомоти Русияро ғайриқобили қабул” номид.
Эван Гершкович 30-юми март, ҳангоме ки дар бораи ширкати низомии хусусии “Вагнер” дар Екатеринбург матлаб таҳия мекард, нопадид шуд. Баъдтар Хадамоти федералии амнияти Русия гуфт, ки ин журналистро бо гумони ҷосусӣ боздошт кардааст.
“Рӯзноманигор бо дастури ИМА дар бораи яке аз корхонаҳои саноати низомии Русия иттилоъ ҷамъ меовард”, - гуфтааст Хадамоти федералии амнияти Русия.
Гуфтан ба маврид аст, ки Эван Гершкович шаш сол ин ҷониб дар Русия кор мекард ва ба ҷуз аз “The Wall Street Journal” бо “Agence France-Presse”, “The Moscow Times” ва “The New York Times” ҳамкорӣ дошт.
Дар сурати исботи ҷурми ҷосусӣ Эван Гершковичро метавонанд аз 12 то 20 сол зиндонӣ кунанд.
"Мисли қаҳрамони асараш даргузашт". Дар Душанбе бо Саттор Турсун видоъ карданд
Ба сарбози тоҷик, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ дар Исфара кушта шуд, “Ордени Шараф” доданд
Оғози конфронси Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар Душанбе
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид кард
“Агарчи сахт мегуфт, вале дилсӯзона мегуфт”. Аҳли адаб аз эҷод ва рӯзгори Саттор Турсун ёд карданд
Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия масоили муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба онро баррасӣ карданд
Дар Қирғизистон аз табаддулоти давлатӣ пешгирӣ шуд
БАТР роҳбари нави худро дар Тоҷикистон таъин кард
Лавров: “Тоҷикистон ба зудӣ манфиатҳои худро дар ИИАО муайян мекунад”
Саттор Турсунро дар Оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста