Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) мақоми пандемияро барои бемории сироятии коронавирус (COVID-19) лағв мекунад, иттилоъ додааст директори генералии ин созмон Тедрос Гебрейесус.
Тедрос Гебрейесус дирӯз, 5-уми май, зикр карда, ки тайи як соли охир кумитаи изтирории СҶБ “маълумотҳоро ҳамаҷониба барои коҳиш додани шиддати хатари COVID-19 таҳлил ва баррасӣ менамуд, ки кай вақти муносиб фаро мерасад”, - иқтибос меорад РБК
Кумита дар ҷаласаи 15-уми хеш ба раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия дод, ки вазъияти изтирории тандурустии ҷамъиятиро дар робита ба паҳншавии коронавирус бекор кунад.
“Ман розӣ шудам. Аз ин рӯ, бо умеди зиёд ман эълон мекунам, ки COVID-19 дигар мақоми фавқулоддаи тандурустиро надорад”, - гуфтааст роҳбари СҶТ.
Бояд гуфт, ки СҶТ 11-уми марти соли 2020 коронавирусро пандемия эълон карда буд. Ҳамин тариқ, пандемия 3 солу 1 моҳу 24 рӯз давом кард.
Гебрейесус таъкид кардааст, ки лағви вазъи изтирорӣ маънои онро надорад, ки вирус аз байн рафтааст.
“COVID-19 ҷаҳонро аз сар то по чаппа кард. СҶБ аз марги тақрибан 7 миллион нафар хабар дод, аммо мо медонем, ки теъдоди қурбониён чанд маротиба зиёдтар аст - ҳадди аққал 20 миллион”, - гуфт Гебрейесус.
Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи пандемия 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Охирин ҳолати сироятёбӣ моҳи феврали соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд.
Теъдоди умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, 124 нафарро ташкил додааст. Аммо як тадқиқоти рӯзноманигорони тоҷик собит кардааст, ки теъдоди воқеии фавтидатон дар Тоҷикистон ҳазорон нафар аст.
Тоҷикистон соли равон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 82,3 млн доллар барқ интиқол дод
Қабули қатъномаи нав дар бораи Фаластин бо ҳимояи Тоҷикистон ва 123 кишвари дигар
“Қариб дастонамро мешикастанд”. Ихроҷи донишҷӯи тоҷик аз Русия
Аз 63 сокини Тоҷикистон 1 нафар маъюб аст. Шумораи маъюбон чӣ қадар аст?
Анҷоми хусусигардонӣ? Бонки ҷаҳонӣ гуфт, хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба кундӣ пеш меравад
Ҳалокати 20 нафар дар мавҷи дувуми таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Ҳизбуллоҳ"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Нишони зоҳиру ботин”
“Зада, миёнамро маъиб карданд”. Қиссаи муҳоҷирони тоҷики аз Русия ихроҷшуда
"Равшан" аз Ҳиндустон бо як имтиёз бармегардад
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста