Имсол ҳам мавсими ҳаҷҷи фарзӣ ба анҷом расид ва гурӯҳи охирини зоирини тоҷик то охири ҳафта ба Ватан бармегарданд. Дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Имсол низ теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд.

Дар саросари ҷаҳон 28-уми июн иди саиди Қурбон таҷлил карда шуд. Соли равон беш аз 4 ҳазору 500 мусулмон аз Тоҷикистон барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Маккаву Мадина сафар карданд.

Дар мавсими имсолаи ҳаҷ беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои гузоштани ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд. Ин омор пас аз пандемияи коронавирус, нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Кумитаи ҳаҷ ва зиёрати Арабистони Саудӣ гуфт, ки барои кӯмак ва роҳнамоӣ ба миллионҳо мусулмон 14 ҳазор корманди кумита ва беш аз 8 ҳазор ризокори ихтиёрӣ сафарбар шуданд.

“Азия-Плюс” омори 20-солаи расмии ҳукумати Арабистони Саудиро дастрас кард ва ба риштаи таҳлил кашид. Натиҷаи кори мо мушаххас намуд, ки дар ду даҳсола аз саросари ҷаҳон наздики 40 млн нафар ҳоҷӣ шудаанд.

 

 

Бояд гуфт, ки дар 20-солаи охир теъдоди рекордии зоирони ҳаҷҷи фарзӣ дар соли 2012 ба қайд гирифта шудааст ва он беш аз 3 миллиону 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар солҳои 2013, 2014 ва 2015 ба далели сохтмони масҷиди бузург дар Макка, паҳншавии вируси MERS ва вазъияти фоҷиавӣ дар Мино шумораи зоирони ҳаҷ коҳиш ёфтааст.

Аммо соли 2020 бар асари бемории фарогири коронавирус барои адо кардани ин рукни дини ислом сафари ҳамаи зоирон аз саросари ҷаҳон ба Арабистони Саудӣ манъ карда шуд ва дар ин сол бо маҳдудияти зиёд дар Макка ва Мадина маросими ҳаҷҷи фарзӣ баргузор гашт.

Дар дусолаи баъдӣ бар асари боқӣ мондани бемории коронавирус дар маросими ҳаҷ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд. Имсол ҳама маҳдудиятҳои гузошташуда барҳам дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлили дигари мо қаблан нишон дода буд, ки дар панҷсолаи ахир аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ қариб 120 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷ рафтаанд. Аз сафари ин теъдод ҳоҷиён ба Маккаву Мадина давлати Арабистони Саудӣ беш аз 522 миллион доллар даромад гирифтааст.

 

 

Имсол пас аз пандемияи коронавирус теъдоди рекордии мусулмонон барои адо кардани маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафтанд ва ба гуфтаи мақомот, мавсими ҳаҷҷи имсола, ба таври расмӣ, бемушкил паси сар шуд.

Гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни тиҷик, ки рӯзи 6-уми июл ба Тоҷикистон баргаштанд, дар сӯҳбат бо мо ин гуфтаро таъйид карданд. Гузориши “Азия-Плюс”-ро дар ин ҷо бубинед.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза (ғайрирасмӣ) ба ҳабс гирифтанд. Ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, миёни онҳо тоҷиконе, ғайрирасмӣ вориди Макка шудааанд, низ ҳастанд. Мақомоти ду кишвар теъдоди онҳоро ироа намекунад.

Ҳоҷиёни тоҷик ҳангоми баргаштан ба Ватан
Акс аз "Азия-Плюс"

Бояд гуфт, ки ҳаҷ яке аз панҷ унсури дини мубини Ислом аст ва барои мусулмонон адо кардани он фарз дониста мешавад. Мусулмонон ҳаҷҷи фарзиро дар арафаи иди Қурбон анҷом медиҳанд ва он бештар аз 1 моҳ идома мекунад.

Ёдовар мешавем,ки  мусулмонон метавонанд ба ҷуз аз ҳаҷҷи фарзӣ, дар дигар вақти ба худ муносиб ҳаҷҷи умраро ба ҷо оваранд. Умра ҳаҷҷи хурд ба ҳисоб меравад ва танҳо қисме аз маросими Ҳаҷҷи фарзиро дар он адо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.