Имрӯз, 15-уми август, ду сол мешавад, ки Толибон* қудрат дар Афғонистонро ғасб кардаанд. Кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳоло зери сарпарастии гурӯҳи Толибон қарор дорад, аммо дар ин давра аз сӯи ҳеҷ кишварҳои олам ба расмият шинохта нашудааст.
Бо ин вуҷуд, Толибон бо бархе кишварҳои ҳамсоя ва мутараққии ҷаҳон ҳамкориҳои тиҷоратиро ба роҳ мондаанд ва доду гирифтҳое ҳам доранд.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати қаблии Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Толибон ҳамоно барои минтақа ва ҷаҳон хатарзо боқӣ мемонанд.
Рӯзноманигори “Азия-Плюс” ду сол пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар мусоҳибае анҷом дод.
- Аз замони “ҳукумат”-и Толибон дар Афғонистон ду сол пур шуд. Онро чӣ тавр метавон баҳо дод?
- Рӯзи 15-уми август рӯзи фоҷеабори таърихии Афғонистон ва рӯзи сиёҳи мардуми мазлуми кишварам аст. Дар ин рӯз ҳаққу ҳуқуқи мардону занони Афғонистон бо дасти афроде ғасб гардид, ки ба фарҳангу маданият, нажоду миллат, таъхиру ҷуғрофиё арҷ намегузоранд.
Толибҳо на қаблан ва на дар ин ду сол натавонистанд, ки қалбҳои мардуми Афғонистонро тасхир кунанд ва ба мардуми ин сарзамин машрӯъияти комил бидиҳанд. Онҳо имрӯз бо ифтихор мегӯянд, ки НАТО ва Амрикоро шикаст додаанд, вале аз ҳамон шикастдодаҳои худ ба расмият шинохтани ҳукуматашонро талаб доранд.
- Дар замони ҳукуматдории Толибон чӣ мушкилот пеш омад?
- Дар ин ду сол ҳама ҳуқуқи мардуми Афғонистон поймол шуд. Мардони кишвар бекору овораву гуреза шуданд. Занон аз ҳаққи кор кардан ва нони ҳалол ба даст овардан маҳрум гардиданд. Таҳсили духтарон аз сӯи ин гурӯҳ манъ карда шуд. Ҳазорон кӯдакон гуруснаву ташна ва овора дар кӯчаҳо шуданд.
Мо набояд назари саҳлангорона дошта бошем, жарф бинигарем, Толибон имрӯз дар арсаҳои мухталиф мушкилофар шудаанд. Мо ҳузури 21 гурӯҳи террористиро дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон мушоҳида мекунем, ки хатари амиқ ба минтақа ва ҷаҳон дорад. Баста шудани мактабҳои техникӣ ва боз шудани мадрасаҳои ҷиҳодиро шоҳид ҳастем, ки ҳазл нест ва паёмадҳои сангинро дар пай хоҳад дошт.
Толибон иддао мекунанд, ки “мо амирулмуъминини ҷаҳон ҳастем” ва ба ҳамин мастӣ ҳам ҳастанд. Ман бовар дорам, ки онҳо ҷангҳои худро густариш медиҳанд. Аз ин хотир, ин бовари Толибонро бояд шикаст ва аввалан мардуми шарифи Афғонистон ва сониян минтақа ва ҷаҳонро ба амният расонд.
Бо ғасби ҳукумат аз сӯи Толибон ду сол ба ин сӯ бонкҳои Афғонистон баста, тиҷорат касод хӯрда ва фирори мағзҳо ба миён омадааст. Паёмади кори ҳукуматдорони пешинро акнун миллати мо кашида истодааст.
Дар кулл, ҳоло вазъи сиёсиву фарҳангиву иҷтимоии Афғонистон ҳоҷат ба шарҳ додан надорад ва ҷои нигарониро ба бор оварданист.
- Дар ин ду сол сиёсатмадорон ва чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, ки дар берун аз кишвар ҳаст, чӣ карда тавонистанд?
- Ҳаракатҳои маданӣ ва ҳузурии мардуми Афғонистон дар саросари дунё ва дар дохили Афғонистон дар қиболи ҳукумати ғайримашрӯъ ва террористии Толибон таъсиргузории амиқи худро дорад. Мазҳ ҳамин садоҳост, ки то ба ҳол ҳеҷ кишвари олам ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
- Оё мешавад аз беруни кишвар истода ба дохил таъсир расонд?
- Чаро не? Ҳоло мо мебинем, ки дар дохили Афғонистон мардуми мулкӣ бар зидди Толибон ба тазоҳурот истодаанд, нерӯҳои амниятӣ ва низомӣ амал мекунанд ва ҷабҳаҳои муқовимат истодагарӣ доранд.
Ин дарди як фард нест, балки дарди тамоми мардуми Афғонистон аст. Ҳама ҳаракатҳои берун аз Афғонистон ҳам таъсиргузор аст ва метавонад паёми мардуми ранҷмекашидаи Афғонистон ба мардуми ҷаҳон бошад.
Мо дар ҳама ҳолат дар канори мардуми худ меистем, рӯҳия мебахшем ва муқовимат алайҳи зулм ва золимонро нигаҳ медорем.
- Назари Шумо ба мавқеи ҳукумати Тоҷикистон чист?
- Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон мавқеъи кишварашро мушаххас карда, онро ба ҷаҳониён эълон дошт. Бо гузашти замон собит шуд, ки мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи ғаддори Толибон комилан дуруст будааст.
- Дар ҳамин ҳол, кишварҳои дигари ОМ бо Толибон ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Ин чӣ паёмад дорад?
- Ман бори дигар мегӯям, ки ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии Толибон таҳдид ба минтақа ва ҷаҳон аст. Имрӯз бархе кишварҳое, ки мехостанд ҳомии Толибон бошанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки шиори ҳукумати Тоҷикистон ва мардумони Афғонистон шиори вақеӣ будааст.
Мавқеи ҳукумати Тоҷикистон боиси таҳсин аст ва бисёр мехоҳам, ки дигар кишварҳо ҳам ин мавқеъро пеш гирифта бошанд, то хатаре аз Толибони террорист ба онҳо нарасад.
- Толибонро дар Афғонистон чӣ интизор аст?
- Толибон дар ду сол як ҳукумати ҳамашумул сохта натавонистанд ва ин корро ҳам намекунанд. Аз ин рӯ, дур нест, ки онҳо аз сари қудрат дигарбора бираванд ва мардуми кишвари ман ба оромиш ва осоиштагӣ бирасанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста