Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон гуфт, аз амали писараш Одам, ки моҳи август Никита Журавел, муттаҳам ба сӯзондани Қуръон дар Волгоградро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Грозний латукӯб кард, ифтихор мекунад. Дар ин бора Рамазон Қодиров дар Тelegram-канали худ навишт. Ӯ ҳамчунин, навори латукӯбро низ нашр кард.
“Дар саҳфаҳои интернетӣ то ҳол оид ба латукӯби Никита Журавел, муттаҳам ба оташзании Қуръони карим ва шарики хадамоти махсуси Украина аз ҷониби Одам Қодиров баҳс идома дорад. Ин воқеият дорад ё не? Ӯ зад ва дуруст кард. Гузашта аз ин, ман бовар дорам, ки ҳар касе, ки Қуръони каримро таҳқир мекунад, аз ҷумла ба таври намоишкорона сӯзонда, даҳҳо миллион нафар шаҳрвандони кишвари бузурги моро меранҷонад, бояд ҷазои сахт гирад”, - навишт Рамазон Қодиров.
Ӯ таъкид карда, ки дар Русия арзишҳои динии шаҳрвандон аз ҷониби давлат дар сатҳи олӣ ҳифз карда мешавад ва иғвогарон наметавонанд онро халалдор кунанд.
Рамазон Қодиров бо лаҳни хеле тунд амали оташзании Қуръонро маҳкум карда, нафарони даст ба ин кор мезадаро иғвогару хоин номидааст.
“Бе муболиға, аз амали Одам фахр мекунам”, - зикр кардааст Рамазон Қодиров.
Бояд зикр кард, ки Никита Журавел моҳи майи соли ҷорӣ дар назди масҷиде дар шаҳри Волгоград китоби муқаддаси Қуръонро сӯзонда, навори онро дар пойгоҳе нашр кард, ки таҳти назорати Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст. Он замон таъкид мешуд, ки Журавел ин амалро бо дастури Хадамоти амнияти Украина анҷом додааст.
Нисбати Никита Журавел тибқи моддаи 148-уми Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз гардида, дар пасманзари “муроҷиатҳои сершумори сокинони Ҷумҳурии Чеченистон бо дархости ҷабрдида эътироф кардани онҳо” ӯро ба шаҳри Грозний интиқол доданд.
Моддаи 148-и Кодекси ҷиноятии Русия ҳадди ниҳоии ҷазоро барои содир кардани кирдори ин модда зикршуда се соли зиндон муайян кардааст.
Дар миёнаҳои моҳи август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова хабар дод, ки муроҷиати Журавелро дар робита ба латукӯб шуданаш дарёфт карда, аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чеченистон Мансур Солтаев хостааст, ки вазъро баррасӣ кунад.
Ҳамукнун, пас аз нашри навори латукӯби Журавел аз ҷониби писари Рамазон Қодиров, Ева Меркачева, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президент ба телевизиони РБК гуфтааст, барои боз кардани парванда далелҳои кофӣ мавҷуданд.
“Ҳоло тафтишот далелҳои видеоӣ дорад, шаҳодатҳои шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ки ҳукумати Чеченистонро намояндагӣ мекунанд, мавҷуданд. Хамаи ин барои кушодани парвандаи чиноятӣ басанда аст. Он оғоз мешавад ё не, мо намедонем”, - гуфт ӯ.