Номи Муҳаммад Исмоилхон барои хонандаи огоҳи тоҷик, махсусан онҳое, ки ҳаводиси кишвари ҳамсояи Афғонистонро пайгирӣ мекунанд, хуб ошно аст. Ӯро хонандаи тоҷик чун муқовиматгар ва муборизи роҳи озодӣ медонад, ки даҳсолаҳо муқобили артиши Шӯравӣ ва гуруҳи Толибон* ҷангидааст.
Чанде пештар ин чеҳраи шинохтаи ҳаракати муқовимати Афғонистон ба Душанбе омада буд ва дар нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” иштирок кард.
Матлабе, ки доктори илмҳои таърих ва сиёсатшиноси тоҷик Қосимшо Искандаров барои нашрияи “Фараж” навиштааст, бо назардошти муҳиммияти он дар шинохти корномаи Муҳаммад Исмоилхон бознашр мешавад.
Муҳаммад Исмоилхон, ки аввал бо лақаби Туран Исмоил ва дар солҳои мубориза бо қушунҳои Шӯравӣ ва ҳукумати дастнишондаи он бо лақабҳои “Амир Исмоилхон”, “Шери Ҳирот” ва баъдан “Меъмори Ҳирот” маъруф буд, соли 1946 дар деҳаи Насрободи ноҳияи Шинданди вилояти Ҳирот ба дунё омадааст. Ҳарчанд дар баъзе нашрияҳои Русия ӯро паштун, аз қабилаи алаказай мегӯянд, аммо ӯ як тоҷик аст. Падараш Мирмуҳаммад Аслам ва бобояш Мирмуҳаммади Аълам, рӯҳониёни маъруфи замони худ буданд.
Исмоилхон маълумоти ибтидоии диниро аз падараш гирифтааст ва дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаби Воизи Кошифӣ дар Шинданд рафта, баъдан литсейро хатм кардааст. Пас аз хатми литсей ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ (Ҳарбӣ Пуҳантун) дохил шуда, соли 1969 онро ҳамчун артиллерист хатм кардааст. Вай хамчун афсар дар дивизияи 17-уми пиёдагарди артиши Афғонистон дар Ҳирот ба хизмати ҳарбӣ шуруъ намуд. Баъд ӯро ба вазифаи фармондеҳи қисми мудофиаи ҳавоӣ таъин карданд. Дар тӯли 9 соли хизмат дар артиши Афғонистон то рутбаи капитан (туран) расид. Бинобар ин, дар доираҳои ҳукуматӣ ва ҳарбии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ӯро ҳамчун Туран Исмоил мешинохтанд.
14-уми марти соли 1979 дар Ҳирот ба муқобили режими Нур Муҳаммад Таракӣ шӯриши халқӣ cap шуд ва ҷанговарони дивизияи 17-ум ба шӯришгарон ҳамроҳ шуданд. Муҳаммад Исмоилхон дар байни ташкилкунандагон ва яке аз фармондеҳони шӯриши мусаллаҳона буд. Баъди саркӯби шӯриш Исмоилхон кишварро тарк карда, ба ҳизби “Ҷамъияти исломии Афғонистон”, ки сарвари он профессор Бурҳониддини Раббонӣ буд, шомил шуд.
Пас аз чанде Муҳаммад Исмоил ба Ҳирот баргашт ва фармондеҳии мубориза алайҳи режими давлати коммунистӣ ва ҳузури низомиёни Шӯравиро дар Ғарби Афғонистон ба дӯш гирифт. Дере нагузашта Исмоилхон дар байни мухолифони мусаллаҳи исломӣ шӯҳрати зиёд пайдо кард. Ӯро “Амир Исмоилхон” хонданд ва ӯ акнун ба дастаҳои мусаллаҳи Ҷамъияти исломии Афғонистон дар тамоми минтақаи ҷануби ғарбии мамлакат фармондеҳӣ мекард.
Бо ташаббуси Исмоилхон 19-21-уми июли соли 1987 дар шаҳраки Соғари вилояти Ғур ҷаласаи фармондеҳони саҳроии дастаҳои мусаллаҳи дар Афғонистон амалкунанда барпо гардид. Ҷаласае ба ин миқёс, ки дар он бисёре аз фармондеҳони саҳроии маъруфи Қандаҳору Вардак, Лугар, Бодғис ва дигар вилоятҳои Афғонистон ширкат доштанд, бори аввал дар таърихи муқовимати Афғонистон дар ин кишвар баргузор мешуд. Шӯрои фармондеҳони саҳроии “Соғар”, ки дар натиҷаи ҷаласа ташкил карда шуд, дар ҳамоҳангсозии муборизаи дастаҳои мусаллаҳи гурӯҳҳои гуногуни низомию сиёсии дар Афғонистон амалкунанда нақши муҳим ифо намуд.
Пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳҳои исломӣ Амир Муҳаммад Исмоилхон 5 вилояти минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистонро ба тасарруфи худ дароварда, идораи давлатии устувор таъсис дод, дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро бомуваффақият халъи силоҳ кард ва дар барқарорсозии инфрасохтори харобшудаи минтақа ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Ҳарчанд амалҳои ӯ, дар маҷмуъ, аз доираи салоҳиятҳои густурдаи раҳбари минтақа берун намебаромад, дар айни замон, ба гуфтаи нозирон, бо истифода аз мавқеи стратегии минтақа ва сафар ба давлатҳои ҳамсоя, ӯ кӯшиш мекард, ки робитаҳои мустақили байналмилалии худро таҳким бахшад. Дастовардҳои амир Исмоилхон дар соҳаи таъмини сулҳу субот дар вилоят, ташкили кори ҳамаи объектҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои давлатӣ дар панҷ вилоят, ташкил намудани лашкари 50-ҳазорнафара ба ӯ обрӯ ва шуҳрати калон бахшид. Ин вазъият ба боло рафтани майлу хоҳиши Исмоилхон барои ноил шудан ба мустақилияти боз ҳам васеътар мусоидат карданд.
Муҳаммад Исмоилхон дар ин солҳо барои ҳалли бӯҳрони Афғонистон ташаббусҳои муҳим пешниҳод намуд. Зери роҳбарии ӯ комиссияи таҳияи нақшаи бо роҳи осоишта ҳал кардани буҳрони Афғонистон таъсис дода шуд. Бо ташабусси ӯ “Нақшаи сулҳи 14 вилоят”, “Шурои 14 вилоят” ташкил карда шуд, ки ба он ҳамаи вилоятҳои ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ дохил шуданд.
Тибқи “Нақшаи сулҳи 14 вилоят” даъвати Шурои олии исломӣ дар Ҳирот, интихоби Шурои раҳбарӣ аз 27 нафар пешбинӣ шуда буд. Қарор буд, ки аз миёни аъзои Шуро ё шахсоне, ки ба он шомил нестанд, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, нахуствазир ва раиси Суди олӣ интихоб карда шаванд. Шуро мебоист ба муддати як сол роҳбарии мамлакатро ба зиммаи худ гирад. Дар ин давра халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва омода кардани шароит барои даъвати Луйя Ҷирга (парлумони Афғонистон-идора) ва баргузории интихобот анҷом мешуд.
Рӯзҳои 20-25-уми июли соли 1994 дар Ҳирот ҷаласаи Шурои Олии Исломӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 800 нафар вакил: фармондеҳони маъруфи саҳроӣ, волиён, аъзои ҳукумат, намояндагони расмии баъзе кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ходимони давлатӣ ва сиёсии низомҳои собиқ, аз қабили писари амир Амонуллохон Сардор Эҳсон, сарвазири Афғонистон дар солхои 1963-1965 доктор Муҳаммад Юсуф ва бисьёр дигарон иштирок намуданд.
Бар асоси баъзе хабарҳо, аксари ширкаткунандагони нишасти Шурои олии исломӣ дар Ҳирот, аз Амрико ва Аврупои Ғарбӣ, фармондеҳони саҳроии маъруфи 14 вилояти ҷануб ва ҷанубу ғарби Афғонистон бо назардошти таҷрибаи Исмоилхон номзадии ӯро барои мансаби сарвазир мувофиқтарин медонистанд. Аммо Исмоилхон баъд аз мулоқот бо раиси Давлати Исломии Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ дар Кобул, дар арафаи даъвати Шурои олии исломӣ тасмим гирифт, ки ин пешниҳодро рад кунад. Раббонӣ зоҳиран ӯро ба бефоида будани татбиқи “Нақшаи сулҳи 14 вилоят” бовар кунонд. Аз ин рӯ, Шурои Олӣ ваколатҳои Бурҳониддини Раббониро бидуни нишон додани давраи мушаххас таъйид кард.
Ташаббусҳои Исмоилхон барои ҳалли маслиҳатомези бӯҳрони Афғонистон, афзоиши шуҳрати ӯ, тавсеаи равобити Ҳирот бо кишварҳои хориҷӣ, барқарор кардани робита бо шахсиятҳои бонуфузи режимҳои собиқ боиси он гардид, ки роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон ва роҳбарони баъзе гурӯҳҳои низомию сиёсӣ нисбат ба ниятҳои ҳақиқии Исмоилхон то андозае шубҳа ва нобоварӣ пайдо карданд.
Соли 1995 Исмоилхон дар мубориза бар зидди Толибон пирӯзиҳои назаррас ба даст оварда, дастаҳои онҳоро то Гиришк таъқиб намуд. Аммо вақте ки пойгоҳи асосии Толибон – Қандаҳор зери таҳдид қарор гирифт, ғайричашмдошт сарбозони Исмоилхон шикаст хӯрданд ва ӯ амр дод, ки ақибнишинӣ кунанд. Дар оянда нерӯҳои ӯ натавонистанд дар ҳеҷ куҷо хати дифоии мустаҳкам ташкил кунанд ва аз 29-уми август то 5-уми сентябри соли 1995 Толибон дар тамоми қаламрави Афғонистони Ғарбӣ назорати худро барқарор карда ва ба марзҳои Туркманистон расиданд. Исмоилхон маҷбур шуд ба Эрон фирор кунад.
Ӯ фақат соли 1997 ба Афғонистон баргашт ва дар ноҳияи Боло Мурғоби вилояти Бодғис алайҳи Толибон муборизаи мусаллаҳонаро оғоз кард. Дере нагузашта, ба ӯ беш аз 2 ҳазор ҷонибдоронаш ҳамроҳ шуданд ва монеи пешравии минбаъдаи Толибон ба шимоли Афғонистон гардиданд. Муҳаммад Исмоилхон ба воситаи одамони худ дар вилоятҳои Ҳирот, Бодғис, Фароҳ ва ғайра ба ҷалб намудани аҳолӣ ба муқовимати фаъолона бар зидди режими Толибон шуруъ намуд. Аммо 18-уми майи соли 1997 генерали ӯзбек Абдулмалик ба Исмоилхон хиёнат кард. Ӯ дар созиш бо Толибон Исмоилхон ва чанде аз наздиконашро бо баҳонаи иштирок дар “маҷлиси оперативӣ” ба Форёб даъват ва онҳоро боздошт намуд ва ба дасти Толибон супорид. Исмоилхонро ба зиндони Толибон дар шаҳри Қандаҳор интиқол доданд. Ӯ се солро дар зиндон сипарӣ кард ва ниҳоят бо кӯмаки яке аз зиндонбонҳо, ки писари Исмоилхон Мирвайс Содиқ муддати тӯлонӣ бо ӯ кор карда буд, ба ӯ муяссар шуд, аз зиндони Қандаҳор фирор кунад ва ба Эрон бирасад.
Муҳаммад Исмоилхон пас аз табобат ва шифо ёфтан дар Эрон аз нав ба муқовимат оғоз намуд ва ба Панҷшер рафта, бо фармондеҳи нерӯҳои “Иттиҳоди шимол”, вазири дифои ДИА Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот кард. Аҳмадшоҳ Масъуд бо ӯ дар мавриди боз кардани марказҳои муқовимати зидди Толибон дар ҷанубу ғарби ин кишвар ба тавофуқ расиданд.
Исмоилхон ба Бодғис баргашта, ба ташкили дастаҳои низомӣ шуруъ намуд. Баъди ғалабаҳои аввалин бар Толибон минтақаи муқовимат васеъ шуда, тамоми вилоятҳои ҷанубу ғарбиро фаро гирифт ва ниҳоят баъд аз оғози амалиёти “Озодии шикастнопазир”-и нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии Амрико Ҳирот ва дигар вилоятҳои ин минтақа озод шуданд. Баъди озод шудани Ҳирот дар соли 2001 Муҳаммад Исмоилхон волии вилояти Ҳирот, ҳамзамон фармондеҳи корпуси 4-уми артиш ва раиси минтақа (зун)- и ҷанубу ғарбӣ таъин шуд.
Исмоилхон мисли солҳои пеш ба кори барқарор намудани вилоятҳо, инкишофи инфраструктураи онҳо ва халъи силоҳи дастаҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Аммо ҳукумати марказӣ ба ҳеҷ ваҷҳ боқӣ мондани чунин раҳбари харизматикии тоҷикро дар ин минақаи ҳассоси стратегӣ намехост ва аз тариқи роҳҳои гуногун барои беобрӯ намудани ӯ оғоз намуд. Дар ҳамин ҳол бархе аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ӯро ба ҷорӣ кардани қоидаҳои сахти исломӣ, поймол кардан ва нақзи ҳуқуқи занон муттаҳам карданд.
Дар баъзе аз расонаҳои хабарӣ маълумоти зиёде аз худсӯзиҳои духтарон дар Ҳирот нашр мешуд ва зимни онҳо гуфта мешуд, ки сабаби асосии худсӯзиҳо он аст, ки волии ҳамонвақтаи Ҳирот Исмоилхон муқаррароти сахте нисбат ба рафтори занон ҷорӣ карда буд. Ба таври мисол, гуфта мешуд, ки агар духтареро бо марди бегона бинанд, дастгир ва мавриди озмоиши иҷбории бокира будан қарор мегирифт. Тибқи омори дидбони ҳуқуқи башар дар он солҳо дар як рӯз тақрибан 10 озмоиши бакорат анҷом мегирифт. Ва яке аз сабабҳои худкушии духтаронро ба ҳамин тестҳои бакорат нисбат медоданд, зеро духтароне, ки аз озмоиш намегузаштанд, дигар ҷуръати ба хона баргаштанро надоштанд.
Аммо воқеият ин буд, ки Ҳомид Карзай (раиси ҷумҳури Афғонистон-идора) ва раҳбарони амрикоиаш як маъракаи аз саҳна хориҷ намудани шахсиятҳои обрӯмандро, ки онҳоро ҷангсолор мехонданд, рӯйи даст гирифта буданд. Дар Афғонистон ин корро сафири ҳамонвақтаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзоди машҳур роҳбарӣ мекард. Тибқи нақшаҳои Халилзод аввал ноиби аввали президенти Афғонистон Муҳаммад Қасими Фаҳим “сарнагун” карда шуд, баъд аз он Абдулрашид Дӯстуми саркаш “ром” карда шуд ва инак навбати Исмоилхон расида буд. Залмай Халилзод ва Ҳомид Карзай якҷо бо Толибон дар Ҳирот фитнаи наверо оғоз карданд, то Муҳаммад Исмоилхонро барканор ва бадном кунанд.
17-уми апрели соли 2004 дар Ҳирот куштори мармузи писари волии Ҳирот Исмоилхон, Мирвайс Соддиқ, вазири ҳавонавардии мулкӣ ва сайёҳӣ сурат гирифт. Ҳарчанд Исмоилхон дар ин бора изҳороти мушаххасе надод, аммо маълум буд, ки ангушти ишора ба сӯйи Карзай равон шуда буд. Дар баробари ин, кӯшиши номуваффақи ба қатл расонидани худи Исмоилхон анҷом шуд. Дар натиҷа дар шаҳр беназмӣ ба амал омад, дастаҳои низомии Исмоилхон ба ҳолати тайёрӣ гузаронида шуданд. Барои пахш кардани беназмиҳо дар Ҳирот қушунҳои ливои (бригадаи) 17-уми артиши ҳукуматӣ ворид карда шуданд, ки 18-уми апрел аз тарафи дастаҳои волӣ торумор карда шуданд ва фармондеҳи ливо фирор карда, аскарон ба қушунҳои Исмоилхон таслим шуданд.
Моҳи август Халилзод ва Карзай фармондеҳи саҳроии Толибон дар Шинданд, Амануллои паштунро ба муқобили Исмоилхон барангехтанд, то вазъи нисбатан оромро дар Ҳирот ноором созанд. Дастаҳои Амонулло дар Шинданд ногаҳон ба аскарони Исмоилхон ҳуҷум карда, ба онҳо талафоти калон расонданд. Хализод ба таъбири худаш борҳо ба Исмоилхон занг зада, аз ӯ хоҳиш карда буд, ки ба созиш тан диҳад, ба нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла накунад ва ба пешниҳодҳои Карзай барои ба Кобул омадан розӣ шавад. Бо вуҷуди ин, Исмоилхон розӣ нашуд.
Дар ҳукумати марказӣ ҳам дудастагӣ ба вуҷуд омада буд. Аз як тараф, нухбагони тоҷик ба мисли М.Қ.Фаҳим, Юнус Қонунӣ ва дигар шарикони пешинаи ӯ хостори дарёфти роҳҳои мусолиматомез бо Исмоилхон буданд, дар ҳоле ки тарафи дигар – нухбаҳои паштун бо роҳбарии А.Ғанӣ ва Ҷалолӣ, баръакс, тарафдори барканории беқайду шарти Исмоилхон буданд. Халилзод баъди чанги Шинданд нерӯҳои махсуси Амрикоро бо чархболҳо ва қисмҳои артиши Афғонистон ба он ҷо фиристод. Ин вазъият ба тасмимгирии М.Исмоилхон таъсир накарда наметавонист. З.Халилзод ба хулосае омад, ки вақти мулоқот бо М.Исмоилхон фаро расидааст ва моҳи сентябр худаш ба Ҳирот парвоз кард. Дар рафти гуфтушунид ӯ ба Исмоилхон пешниҳод кард, ки яке аз вазифаҳои масъулиятнокро дар ҳукумат ишғол намояд. Ба гуфтаи З.Халилзод, Исмоилхон ба мақоми вазири корҳои дохилӣ даъво дошт, вале ба ӯ вазифаи вазири барқ ва захираҳои обро дар ҳукумати Ҳомид Карзай пешниҳод карданд ва ӯ маҷбур шуд, ки ин пешниҳодро бипазирад.
Ҳамин тариқ, бонуфузтарин тоҷик, сиёсатмадори обруманди минтақавӣ, намояндаи “Ҷабҳаи муттаҳид” ва ниҳоят “Шери Ҳирот” аз мақоми волии Ҳирот барканор шуд. Маълум буд, ки дар мансаби вазирӣ дар Кобул Исмоилхон дигар наметавонист аз имкониятҳо ва нуфузи худ истифода намояд. Ба ҳар сурат, Муҳаммад Исмоилхон дар мансаби нав тавонист барои рушди соҳа, барқарор намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи барқ ва об корҳои муассирро ба анҷом расонад.
Бо вуҷуди ба истеъфо рафтан аз мансаби вазири барқ ва захираҳои об Муҳаммад Исмоилхон яке аз шахсиятҳои пурнуфуз ва матраҳи Ҷамъияти исломӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи Афғонистон боқӣ мемонад.
Чанде пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷунбиши Толибон бо мақсади тасарруфи қудрати сиёсӣ ба ҳамлаи густурда бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ шуруъ карданд. Муҳаммад Исмоилхон ба Ҳирот рафта, муқовимати мардумиро бар зидди Толибон ташкил кард ва як муддат аз шаҳри Ҳирот дифоъ намуд. Аммо дар натиҷаи хиёнати роҳбарияти давлат, ки дар натиҷаи як муомилаи пасипардагӣ бо Толибон ва кишварҳои хориҷӣ анҷом шуда буд, қарор ба ин шуда буд, ки Афғонистонро ба Толибон таслим кунанд. Бинобар ин, аввал тамоми ноҳияҳо, баъдан маркази вилоятҳо яке пайи дигаре ба Толибон супурда мешуд. 12-уми августи соли 2021 Толибон шаҳри Ҳиротро ишғол карданд. Исмоилхон ба фармондеҳии корпуси низомӣ паноҳ бурд, аммо худи фармондеҳон ӯро ба Толибон таслим карданд. Толибон Муҳаммад Исмоилхонро дар хонааш ба ҳабси хонагӣ гирифтанд ва 17-уми августи соли 2021 ӯро ба шарти аз Афғонистон берун рафтан аз ҳабс озод карданд. Муҳаммад Исмоилхон ба Эрон рафта, то имрӯз дар шаҳри Машҳад зиндагӣ мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста