Дирӯз, 1-уми август Русия, Амрико ва чанд кишвари дигари Ғарб 24 маҳбусро табодул карданд. 16 нафари онҳо аз зиндони Русия ва Белорус озод шудаанд, 8 нафари дигарро Амрико чанд чанд кишвари дигари ғарбӣ озод карданд.

Табодул дар фурудгогҳи шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд.

Маҳбусоне, ки аз зиндонҳои Русия озод шуданд:

Эван Гершкович, Владимир Кара-Мурза, Алсу Қурмашева, Пол Вилан, Иля Яшин, Олег Орлов, Кевин Лик, Александра Скочиленко, Андрей Пивоваров, Ксения Фадеева, Демури Воронин, Патрик Шебел, Герман Мойжес, Лилия Чанишева, Вадим Останин.

Аз маҳбаси Белорус як нафар - Рико Кригер раҳо шуд.

Эван Гершкович, Алсу Қурмашева ва Пол Виланро дар фурудгоҳи пойгоҳи низомии Эндрюси канори Вашингтон, президент Ҷо Байден ва ноибаш Камал Ҳаррис истиқбол гирифтанд.

Қурмашева - хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Гершкович – хабарнигори "The Wall Street Journal" ва Вилан – як мудири ширкати амниятӣ дар Мичиган – ҳамаашон шаҳрванди ИМА мебошанд.

Владимир Кара-Мурза, сиёсатмадори дигарандеш шаҳрвандии Русия ва Бритониёро дорад ва ҷанги Русия алайҳи Украинаро интиқод карда буд.

Қаравули фахрӣ дар фурудгоҳи Внукова-2

Дар навбати худ Олмон, Норвегия, Словения ва Лаҳистон панҷ нафар маҳбусонро аз зиндонҳои худ озод карданд:

Вадим Красиков, Анна Дултсева, Артем Дултсев, Михаил Микушин, Пабло Гонсалес (Павел Рубтсов).

Амрико бошад се маҳбуси русро аз зиндон раҳо кард: Владислав Клюшин, Вадим Коношченок ва Роман Селезнов.

Вадим Красиков, полковники ФСБ, ки соли 2019 собиқ ҷангандаи чечентаборро дар Берлин кушта буд, барои як умр равонаи зиндон шуда буд. Эҳтимоли табодули ӯро пештар Владимир Путин вақти мусоҳиба бо Такер Карлсон, хабарнигори шинохтаи Амрико ишора карда буд.

Маҳбусони ба Русия додашударо дар фурудгоҳ қаравули фахрӣ ва Владимир Путин пешвоз гирифтанд.

Ҷо Байден, президенти Амрико дар як изҳороте гуфт, ки 7 зиндонии аз маҳбаси Русия раҳошуда маҳбусони сиёсии рус буд.

“Ман чунин меҳисобам, ки ҳама душманони мо бояд берун аз кишвар бимонанд ва ҳама касоне, ки душмани мо нестанд, бояд бозгарданд. Ин дидгоҳи ман аст”, - гуфт Дмитрий Песков.

Қаблан соли 2010 низ мубодилаи 14 зиндонӣ сурат гирифта буд. Он навбат 10 маҳбуси рус аз зиндонҳои Амрико озод шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.