То оғози Бозиҳои олимпии тобистона каме вақт монд ва як қатор кишварҳо маблағи мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон эълон карданд. Ба қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.

Дар Тоҷикистон имсол мукофтопулии махсусро эълон накарданд, вале тавре дар Кмитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ изҳор доштанд, варзишгарони ғолибу ҷоизагирифта стипендияҳои президентӣ мегиранд.

“Ба қаҳрамони олимпӣ аз Тоҷикистон 300 ҳазор сомонӣ, дорандаи медали нуқра - 250 ҳазор сомонӣ ва медали биринҷӣ - 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Лекин илова ба ин, ширкатҳои сарпараст ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ метавонанд варзишгаронро бо мукофотҳо қадрдонӣ намоянд”, - гуфтанд дар Кумитаи олимпӣ.

Дар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) чӣ гуна аст?

Тибқи пешгӯйии Вазорати варзиши Русия ғолибони Олимпиадаи Токио аз ин кишвар 4 млн рубл (тақрибан 54,5 ҳазор доллар), дорандагони медалҳои нуқра - 2,5 млн рубл ва медалҳои биринҷӣ - 1,7 млн рубл мегиранд.

Гуфта мешавад, ҳамаи ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Токио аз Русия аз Фонди хусусии дастгирии олимпичиён автомашина мегиранд. Ба ғайр аз мукофотҳои давлатӣ, онҳо аз ҷониби минтақаҳо низ қадрдонӣ мешаванд.

Аз ҳама бештар намояндагони Қазоқистон мукофотпулӣ мегиранд. Ба қаҳрамони Олимпиадаи Токио аз Қазоқистон 250 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мегардад. Қаҳрамонҳои олимпӣ аз Озарбойҷону Латвия низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба қаҳрамонҳои олимпӣ аз Ӯзбекистон расо 200 ҳазор доллар, Молдавия -  166 ҳазор, Беларус - 150 ҳазор, Қирғизистон - 143 ҳазор, Украина ва Эстония - 125 ҳазорӣ, Литва - 118 ҳазор, Гурҷистон -  72 ҳазор ва Арманистон - 50 ҳазор доллар тақдим мешавад.

Дар Литва ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ вобаста ба ҷойи ишғолкарда навъҳои гуногуни BMW дода шуда, инчунин ба варзишгарони то ҷойи 8-умро ишғолнамуда низ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Дар Латвия, Эстония ва Гурҷистон низ вазъият чунин аст.

Дар кишварҳои хориҷи дур чӣ?

Дар Британияи Кабир, Хорватия, Норвегия ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон ҳукумат ба олимпичиён ягон хел мукофотпулӣ намедиҳад. Қадрдонии варзишгарону мураббиён ба қарордодҳои сапарпарастии онҳо вобаста аст.

Дар Британияи Кабир ҳукумат варзишгаронро табрику таҳният гуфта, акси онҳоро дар маркаҳо нашр мекунад.

Барои пирӯзӣ дар Олимпиадаи Токио Сингапур ба шаҳрвандонаш 1 млн доллар мукофотпулӣ медиҳад.

Ба қаҳрамони Олимпиада аз ИМА 37,5 ҳазор доллар, Чин - тақрибан 37,5 ҳазор доллар, Австрия - тақрибан 35 ҳазор евро, Дания - 13 ҳазор евро, Олмон - 22 ҳазор доллар ва Канада - 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Зеландияи Нав ва як қатор кишварҳои дигар ба ғолибону ҷоизадорони Олимпиада ба ҷойи пул туҳфаҳои хотиравӣ ва автомашинаҳо ҳадя карда мешавад.

Дар Ҳиндустон ба ғолибону ҷоизадорони Олимпиада бо ҷойи кори мураббӣ таъмин кардан ваъда дода мешавад.

Лекин имсол ҳукумати ин кишвар ваъда додааст, ки барои қаҳрамони олимпӣ 100 ҳазор доллар мукофотпулӣ медиҳад.

Дар баъзе кишварҳои Африқо ва Амрикои Марказӣ барои пирӯзӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба ифтихори варзишгарон раҳпаймоӣ намуда, онҳоро қаҳрамони миллӣ мехонанд. Ба онҳо қитъаҳои замин ҷудо гардида, ҷоизаҳои хотиравӣ тақдим мекунанд.

Дар Нигерия ва Сенегал бошад, ҳукумат ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ гов туҳфа мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.