Дар яке аз шаҳр ё ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои тарбия ва омодагии бозингарони ҷавон Академияи футбол бунёд мешавад. Зимни вохӯрии корӣ бо аҳли ҷомеаи футболи кишвар рӯзи 3 феврал президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ чунин дастур додааст.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо ФФТ ҷойи сохтмони Академияро муайян карда, ба амалисозии лоиҳа оғоз кунанд. Ба гуфтаи президенти ФФТ, бисёр бозигарони боистеъдоди Бадахшон дар дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд, аммо қариб ҳамаашон дар Душанбе футболро омӯхтаанд. Академия барои тарбия ва рушди бозингарони маҳаллӣ шароит фароҳам оварда, ба тайёр кардани кадрҳо барои дастаҳои ва мунтахаби миллӣ имкон медиҳад.
Ҳамчунин баргузории мусобиқаҳои гуногуни футбол дар минтақа миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон ба нақша гирифта шудааст.
Раиси ФФТ аз намояндагони бонкҳои Тоҷикистон даъват кард, ки дар самти дастгирии футбол фаъол бошанд ва аз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, ки кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, дастгирӣ кунанд.
Қобили зикр аст, ки аввалин Академияи футбол дар Тоҷикистон аз ҷониби дастаи “Истиқлол” моҳи марти соли 2012 дар шаҳраки Алмосии Ҳисор кушода шуд. Дар он футболбозони болаёқати навраси синни аз 12 то 16-сола аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таълим мегиранд. Тарбиятгирандагони болаёқат ва ояндадор ба захираи даста шомил гардида, метавонанд дар ҳайати асосӣ бозӣ кунанд.
Фаъолияти Академия ба тарбияи насли нави футболбозон ва рушди футбол дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст, ки то ки он ба сатҳи нав бароварда шавад.
Ғайр аз ин, соли 2022 дар Душанбе Академияи “Ювентус” боз шуд. Дар он кӯдакону наврасони аз 5 то 16-сола таълим мегиранд.Таълиму омӯзиш пулакӣ аст. Дар баробари ин ҳар сол ба ҳар як гурӯҳи синнусолӣ то 5 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гирифта мешаванд, ки бепул таълим мегиранд.