Дар ду вилоят Афғонистон рӯзона ҳудуди 40 нафар дар асари бемории вабо ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Khaama Press и Pajhwok бо истинод ба хабаргузории Бохтар хабар доданд.
Хабаргузории Бохтар ки нашриёти он бо Толибон аст, ба нақл аз масъулон дар вилоятҳои Ҳилманд гузориш карда, ки дар 24 соати гузашта дар вулусволии Бағлони ин вилоят 120 нафари мубтало ба ин беморӣ ошкор шудаанд, ки аз байни онҳо 20 нафар бар асари дарунравии шадид фавтидаанд.
Бар асоси гузориши Бахтар, як гурӯҳи сайёри беҳдоштӣ ба ин макон рафтааст, аммо манобеъи ҷамъиятии вилояти Ҳилманд мегӯянд, ки беморон дар як макони номуносиб бидуни шароити зарурӣ табобат мегиранд.
Ҳамзамон, бар асари бемории вабо дар вилояти Зобул дастикам 20 нафар ҷон бохтаанд.
Ин беморӣ дар вулусволиҳои Сиварӣ ва Дойчупони вилояти Зобул ба таври густарда паҳн шудааст ва то кунун ҳудуди 1000 нафари гирифтор ба ин беморӣ дар ин вилоят ошкор шудааст.
Масъулини беҳдошти ин вилоят низ гуфтаанд, ки ба ин макон як гурӯҳи сайёри беҳдоштӣ фиристодаанд.
Барои баъзе шаҳрвандон, вабо ба далели он, ки онҳо дар шароити бади санитарию гигиенӣ табобат мегиранд, бо марг анҷом меёбад.
Вазорати беҳдошт, ки аз сӯи Толибон ташкил шудааст, низ аз чанд мавриди сироятёбӣ дар вилояти Қандаҳор хабар додааст.
Вабо як сирояти дарунист, ки дар натиҷаи нӯшидани оби носолим ё олуда ба вуҷуд омада, боиси дарунравии шадид, вайрон шудани деворҳои системаи ҳозима ва қайкунӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки Kun.uz бо истинод ба Кумитаи тандурустии шаҳрдории Вучанг хабар медиҳад, эпидемиологҳои чинӣ як ҳолати бемории вабо дар Вуҳанро тасдиқ карданд.
Чунон ки ишора шуд, ин дар натиҷаи таҳлили серологи ошкор гардид. Дарунравӣ ва табларза аломатҳои асосии бемории вабо дар шахси сироятшуда буданд. Ҳоло пизишкон бо ӯ кор мекунанд. Манбаи сироят то ҳол пайдо нашудааст, таъкид мекунад кумита.
Рӯзи якшанбе, 10 июл, як ҳолати эҳтимолии сироятро портали иттилоотии Tianmu Xinwen эълон кард. Ба навиштаи нашрия, бемор дар хобгоҳи факултаи муҳандисии Донишгоҳи Вуҳан зиндагӣ мекардааст. Аз ҳамаи хонандагони дар бино ҳузурдошта санҷиш гирифта шуд. Онҳоро зидлиуфунӣ (дезинфексия) кардаанд.