То имрӯз ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» дар як ҳафта аз шаҳри Душанбе 7 маротиба ва аз шаҳри Хуҷанд 3 маротиба ба шаҳри Маскав парвозҳо анҷом медод.
Акнун дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия, парвоз аз шаҳри Хуҷанд пурра қатъ гардида, ҳамчунин имрӯз парвози ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба Маскав бекор карда шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти ширкати «Сомон Эйр» хабар доданд, рӯзи 31 март аз Вазорати нақлиёти Русия дар бораи аз 3 апрел ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба парвоз ба шаҳри Маскав телефонограмма расидааст.
«Ҳамин тариқ, мувофиқи огоҳинома ба ширкати «Сомон Эйр», парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Маскав рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе ва ҳамаи парвозҳо ба пойтахти Русия аз шаҳри Хуҷанд манъ шудааст, - гуфтанд дар ширкат. - Айни замон ширкат ҳамаи парвозҳои ба ин рӯзҳо ва маҳдудият ростомадаро бекор намуда, бо таассуф изҳор медорад, ки бинобар сабаби аз ҷониби Русия дер огаҳӣ расидан, мусофиронро нороҳат кардааст».
Зикр гардид, ки ба ҳамаи мусофирон пули билеташонро дар ҷойи онро харидорикарда бармегардонанд ва ширкат ҷиҳати ҳарчи зудтар рӯшанӣ андохтан ба ин масъала дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ тадбирҳо меандешад.