Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, вале аз ифшои ҷузъиёти масъула худдорӣ мекунад.

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёт пешниҳоди маълумот доир ба шумори парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо рад карда, изҳор намуд, ки «мо созиш ҳосил кардем, ки ба ВАО чизе хабар намедиҳем».

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ТАСС бо такя ба директори тиҷоратии ширкати «Ямал» иттилоъ медиҳад, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аввали тобистон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар таъини ширкати дуюми ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Жуковский ва ҳамчунин бекор кардани маҳдудияти парвозҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» созиш ҳосил карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар Маскав гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ба итмом расиданд. Ҳайати Тоҷкистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ кард.