Бонки осиёгии рушд (БОР) масъалаи андозбандии лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби ин ниҳоди молӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо ҳукумати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.

«Дар мавриди ҳалли ин масъала мо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба созиш расидем, то ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо беҳтар сурат гирад», - хабар дод намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава зимни нишастихабарӣ дар Душанбе.

Намояндаи Бонк қайд кард, ки тӯли якуним соли охир нисбати андозбандии лоиҳаҳои БОР як ҳолати ғайри қобили пешбинӣ ба назар мерасад, ки «дар натиҷа амалсиозии лоиҳаҳо ба таъхир меафтад».

Дар амалисозии ҳатто лоиҳаи хуб низ ӯ «ҳеҷ маънӣ» намебинад, агар ин лоиҳа бо таъхир амалӣ шавад. «Аз ин рӯ, масъалаи бозистодани амалисозӣ барои мо масъалаи хеле ҷиддӣ аст», - гуфт Прадип Сривастава.

Зимнан таъкид шуд, ки баррасии ин масъала бо ҳукумат ба воситаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад.

«Мо бо мавқеи Кумитаи андоз шинос шуданием, зеро чунин мешуморем, ки ин масъала шарҳи назари ҳарду ҷонибро талаб мекунад, то ки минбаъд нофаҳмиҳо ба миён наоянд», - илова кард намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.