Таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андоз ва ташкилотҳои қарзӣ лоиҳаи муштарак ҷиҳати роҳандозӣ намудани қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет амалӣ гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имконият медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд. Инчунин, татбиқи Интернет-эквайринг имконият медиҳад, ки андозсупорандагон тавассути сомонаи Кумитаи андоз дар шабакаи Интернет андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.
Бо роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо карданд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд. Ба ҳолати имрӯза шумораи андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. адад ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП “Корти миллӣ” беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Пардохти андозҳо ба тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо нишони – www.andoz.tj дастрас мебошад. Муштариён ба қисмати дахлдори сомона ворид мешаванд, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)-ро ҳуруфчин намуда, намуди андоз ва маблағи пардохтшавандаро интихоб мекунанд. Сипас мушаххасоти корти пардохтиро ворид карда, пардохтро тасдиқ менамоянд. Дар давоми рӯз тамоми пардохтҳо дар реҷаи онлайн коркард мешаванд ва пардохтҳое, ки дар вақти ғайрикорӣ иҷро мегарданд, дар рӯзи минбаъда коркард мешаванд.
Пардохтро метавон бо кумаки кортҳои низоми пардохтии «Корти миллӣ», Visa ва Master Card анҷом дод. Ҳаҷми комиссия зимни пардохт бо «Корти миллӣ» - 0,9% ва истифода аз дигар низомҳои пардохтӣ - 1,5%-ро ташкил медиҳад.
Воридоти маблағ ба буҷети аз ҳисоби андоз ду моҳи соли равон 25% афзуда, дар ин давра ба буҷет 2 млрд. 210 млн. сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 440 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии буҷети тӯли 2 моҳи соли равон 80,6%-ро ташкил дод.