Ҳукумати Тоҷикистон пардохти боҷи давлатиро барои бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият бекор мекунад. Чунин сабукиҳоро соҳибкорони инфиродӣ низ мунтазиранд.

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23-юми октябр ба Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид шуд.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нарзулло Маликзода қайд кард, ки айни замон мувофиқи қонун дар мақомоти андоз боҷи давлатӣ дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

- барои бақайдгирии давлатии таъсиси корхонаҳои тиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳамчунин филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ – дар ҳаҷми 25 нишондиҳанда барои ҳисоб;

- барои бақайдгирии давлатии таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – дар ҳаҷми 7 нишондиҳанда барои ҳисоб;

- барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси шаҳодатнома ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 2 нишондиҳанда барои ҳисоб;

- барои бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкорони инифиродӣ, ки фаъолияташонро бар асоси патент ба роҳ мондаанд – дар ҳаҷми 1 нишондиҳанда барои ҳисоб;

- барои бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва (ё) қатъи фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, қатъи фаъолияти филиал ва (ё) намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродӣ – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад;

- барои додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷат, ки бақайдгирии давлатӣ дар он тасдиқ мешавад – дар ҳаҷми 50% боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии давлатии таъсиси субъектҳо ситонида мешавад.

Маликзода таъкид дошт, ки пас аз ворид шудани тағйирот ба қонун ҳамаи пардохтҳои дар боло зикршуда бекор карда мешаванд.

Ӯ изҳор дошт, ки тағйироти бо дастури ҳукумати ҷумҳурӣ таҳияшуда барои коҳиши хароҷоти молиявӣ ва сарфаи вақти соҳибкорон ҳангоми таъсис ё барҳамдиҳии тиҷорат пешбинӣ шудааст.

Муовини раиси Кумитаи андоз илова кард, ки тағйироти зикршуда ба болоравии рейтинги Тоҷикистон дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ “Роҳандозии (пешбурди) тиҷорат” аз рӯйи шохиси “бақайдгирии корхона” мусоидат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.