Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба дурустии маълумоти оморӣ дар бораи ҷамъоварии пахта шубҳа дорад. Ӯ ба Агентии зиддифасод пешниҳод кард, ки то кадом андоза дуруст будани рақамҳои пешниҳошударо муайян созад.

Вазири кишоварзии ҶТ Иззатулло Сатторӣ дар ҷаласаи охири палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 398 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки назар ба соли гузашта 98 ҳазор тонна зиёд аст.

Ба гуфтаи вазир, имсол дар майдони 185,5 ҳазор гектар пахта кишт шуда, ҳосилнокӣ 22 сентнер ба ҳар як гектарро ташкил додааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон қайд кард, ки дар Тоҷикистон каме бештар аз 25% пахтаи истеҳсолшуда коркард мешаваду халос.

“Ин моро ба андеша водор мекунад. Ҳатто шубҳае низ ба миён меояд, ки ҳамон 400 ҳазор тонна пахтаи дар маълумоти оморӣ нишондода воқеан ҳам мавҷуд аст ё не? Он шояд танҳо дар рӯйи коғаз бошад?”, - суол дод Зуҳуров.

Ӯ аз муовини якуми сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Ҷамшед Саидшозода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, дархост кард, ин масъаларо санҷида, то кадом андоза воқеӣ будани рақамҳоро маълум кунад.

Зуҳуров таъкид дошт, ки чанде пеш дар як қатор ноҳияҳои пахтакор буд ва роҳбарон изҳор доштанд, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд.

“Вале дар корхонаҳои коркарди пахта ва нуқтаҳои қабули ҳосил ин миқдор пахтаи дар нақша нишондодаро мушоҳида накардам, - гуфт ӯ. - Аз суҳбат маълум шуд, ки корхонаҳои коркарди пахта бо баҳонаи пул надоштан пахтаро нахаридаанд ва деҳқонон онро ба дигар ноҳия супурда, бар ивази он ҳуҷҷат оварда, ба шуъбаи омор маълумот пешниҳод кардаанд”.

Ба ақидаи Зуҳуров, агар корхонаҳои коркард барои хариди пахта маблағ надошта бошанд, тамоми сохтори мавҷударо мебояд таҷдиди назар кард.

“Муайян шавад, ки пахтаро кӣ бояд харад? Кӣ дар ин хусус бо деҳқонон шартнома баста, бо онҳо ҳамкорӣ дошта бошад?”, - иброз дошт ӯ.

Сурат: Asia-Plus

Вай афзуд, чанде пеш аз Ӯзбекистон боздид кард, ки ҳамасола дар ин кишвар беш аз 3 млн. тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад.

“Соли 2018 қарор ба тасвиб расид, ки минбаъд аз Ӯзбекистон ягон тонна пахта берун бароварда намешавад. Тамоми ҳосил дар дохили ҷумҳурӣ коркард, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил ва ба фурӯш бароварда мешавад. Чунонки раисҷумҳури ҳамсоякишвар гуфт, соли 2018 аз фурӯши маҳсулоти ниҳоии пахтагӣ Ӯзбекистон 5 миллиард доллар даромад ба даст овард”, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода изҳор дошт, ки дар аксари корхонаҳо технологияи куҳна истифода мешавад ва он барои коркарди ниҳоии нахи пахта имкон намедиҳад.

Ба ғайр аз ин, қайд кард ӯ, корхонаҳои пахтатозакунӣ, ки соҳибкорони ватанӣ харидаанд, бинобар надоштани маблағҳои гардон, имкони харидории пахтаи ҷамъовардаи деҳқононро надоранд.

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нав, ҳоло дар ноҳияи Данғара бунёди маҷмааи бузурги корхонаи коркарди пахта идома дорад. Баъд аз ба истифода додани он коркарди пахта дар 4 давра сурат мепазирад ва аз истеҳсоли нах шурӯъ шуда, то бофандагӣ, ресандагӣ ва дӯхти либоси тайёрро фаро мегирад. Иқтидори солонаи он коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли то 1 миллион адад либос хоҳад буд.

Шукурҷон Зуҳуров зимнан пурсон шуд: “Дар ин сурат деҳқон бояд чӣ кор кунад? Парвариши пахта барояш зараровар шудааст. Барои парваришу расонидани ҳосил, ба ғайр аз коркарди ниҳолҳо, инчунин ба ҳар гектар 700-800 кило нурии минералӣ меандозад, то ин ки ҳосилнокӣ афзун шавад”.

Сурат: Asia-Plus

Сарвари Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода дар мавриди эътимоднокии маълумот оид ба ҷамъоварии пахта гуфт: “3 сол боз маълумотномаи шакли муайян ҷорӣ шудааст ва зери он масъулони 4 ташкилоту идораи мутасаддӣ, ки ҳисоби дохилшавии ҳосилро ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабули пахта пеш мебаранд, имзо мегузоранд”.

Вай афзуд, ки тибқи маълумоти то 1-уми ноябр дохилшуда дар ҷумҳурӣ 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст.

Ҳасанзода итминон дод, ки ҳеҷ гуна изофанависӣ вуҷуд надорад ва маълумот ба Агентии омор аз ҳар як корхона тариқи электронӣ ба таври расмӣ ворид шуда, ин ҳисобот ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ирсол мегардад.

“Ягона муаммое, ки дар назди кормандони мо ҷой дорад, барориши воқеии нахи тайёр дар корхонаҳои коркард аст, зеро дар баъзе корхонаҳо он то 40-45% фоиз ва дар як қатори дигар 30-33% нишон дода мешавад. Мо чунин мутахассис надорем, ки вазъи воқеиро дар ҳар як корхона маълум намояд”, - иброз дошт Гулнора Ҳасанзода.

Дар идомаи ҷаласа раиси палатаи поёнии парлумон андешаҳои худро оид ба ҳалли мушкилоти соҳа баён кард: “Дер ё зуд тартибот дар ин соҳа ҷорӣ мешавад. Ҳоло бояд корро дуруст ба роҳ монд, то ин ки саргардонии деҳқон аз байн бурда шавад. Деҳқон бояд маҳсулоти ҷамъовардаашро ба наздиктарин корхонаи коркард супорад. Овора шуда, молашро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар набарад”.

“Вазорати кишоварзӣ ҳамчун пешбарандаи соҳа бояд роҳбарони корхонаҳои коркарди пахтаро ҷамъ оварда, назди онҳо вазифа гузорад. Даъват намояд, ки онҳо бо пахтакорон шартнома баста, ҳамкорӣ кунанд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намоянд, то ин ки деҳқон заминро шудгор кунад ва тухмӣ харида, кишт намояд, нурӣ харида, ба замин пошад, коркарди ниҳолҳоро гузаронад ва ғайра. Ин гуна дастгирӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, деҳқон танҳо чигит кишт мекунаду аз рӯйи имкон барои расонидани ҳосил кӯшиш мекунад. Дар натиҷа 10-15 сентнер ҳосил ҷамъ меорад, ки ҳатто хароҷоташро намепӯшонад ва бо ҳамон ғӯзапояи ҷамъовардааш қаноат мекунаду халос, зеро шароити дигар надорад”, - афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ, вазири кишоварзӣ қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 136 корхонаи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, онҳо ба ягон вазорат итоат намекунанд.

“Худашон шоҳу табъашон вазир аст, - шарҳ дод ӯ. - Масалан, соли ҷорӣ арзиши аслии истеҳсоли як кило пахта беш аз 6,5 сомониро ташкил дод, вале корхонаҳои пахтақабулкунӣ онро аз деҳқон аз 3,5 сомонӣ боло қабул накарданд. Агар ҳар кило пахтаро ақаллан 6 сомонӣ қабул мекарданд, ҳоло ҳосили ҷамъоварда аз 450 ҳазор тонна ҳам мегузашт”.

Марбут ба чунин ҳолат Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт: “Ин маънои онро дорад, ки замину деҳқон бесоҳиб мондаанд. Ҳадафи чоруми миллии мо саноатикунонӣ аст, яъне пахта бояд пурра коркард шуда, ба маҳсулоти ниҳоӣ мубаддал ёбад. Он вақт фоидаи бадастомада беш аз 10 маротиба хоҳад буд. Ҷойҳои кории зиёд таъсис меёбад”. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.