Барфи рӯзҳои 8-9 апрел дар Тоҷикистон ба ҳосили қисмати зиёди сабзавоту мева дар саросари ҷумҳурӣ осеби зиёд расонид. Барфу шамоли сахт дарахтони мевадорро афтонда, гармхонаҳоро вайрон карданд. Хунукии шабона ҳосили ояндаро нобуд кард.

Зиёни фермерони Хатлон

Дар ноҳияи Восеъ заминҳои кишти пунбадона, нахӯд ангурзору боғҳои гелос зарар диданд. Раиси ҷамоати “Гулистон” Муҳаммад Мирзоев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ имсол дар 881 гектар пунбадона кишт карда, обшавии барф ҷӯякҳоро шуст ва тухмиро нобуд кард.

“Ба ҳар як гектар фермерон 2-2,5 ҳазор сомонӣ пул сарф карданд. Офати табиӣ ба онҳо зиёни калон расонид. Акнун кишти такрорӣ лозим буда, барои он пул нест. Аксари фермерон қарз гирифта, онро ба кишт харҷ карданд ва акнун намедонанд, чӣ кор кунанд”, - мегӯяд Мирзоев.

Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, ба ҳар як фермер ба маблағи умумии 35-40 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.

Искандар Раҳимов, сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳияи Восеъ қайд кард, ки майдони боғҳо дар ноҳия 1054 гектарро ташкил медиҳад, ки 436 гектари он ангурзор аст.

“Барф наздики 30 фоизи дарахтонро ба замин афтонда, сардии шабона ба талафи ҳосили гелос, себ ва дигар меваҳо боис шуд”.

Дар ноҳияи Восеъ аллакай комиссия таъсис дода шуда, ба омӯзиш ва муайян кардани миқёси зарар машғул аст.

Гармхонаҳои осебдида

Дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав барф қариб нисфи кӯчати помидору бодирингро нобуд сохта, болопӯши гармхонаҳоро вайрон кард. Кӯчатҳои дар берун шинонида қариб пурра нобуд шуданд.

Сардии шабона ба дарахтони себу гелос, шафтолу ва дигар меваҳо зарар расонид, ки дар давраи фаъоли гулкунӣ буданд.

Дар хоҷагиҳои ангурпарварӣ деҳқонон бо сармо тамоми шаб мубориза бурда, ба умеди наҷоти ҳосил тариқи гармиву дуд дар саҳро гулханҳои калон афрӯхтанд.

То куҷо ин ба онҳо муяссар шуд, алҳол маълум нест, лекин бо вуҷуди қатъи барқ аз афтодани симчӯбҳо, дар қаламрави ноҳия тамоми шаб равшании гулханҳо дида мешуд. Ҳукумати ноҳия аз аҳолӣ дархост кард, ки барои наҷоти ҳосил ба саҳро бароянд.

Тибқи ҳисоби фермерони маҳаллӣ, дар Истаравшан барф ба ангурзорҳо зарари зиёд расонида, 25-30%-и ҳосили имконпазирро нобуд сохтааст.

Бе мева мемонем?

Дар Хуросон ва як қатор ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон дарахтони олу, гелос, шафтолу, себ, нок ва ангурзорҳо осеб дидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо фаъолони вилоят машварат баргузор кардааст. Зимнан масъалаи пешгирии зарар ба заминҳои кишт ва боғу ангурзорҳо баррасӣ шудааст.


Ӯ ба раисони ноҳияҳо дастур додааст, ки сокинони вилоятро аз обуҳавои ноустувору номусоид огоҳ карда, даъват кунанд, ки аз сайругашти нолозим худдорӣ варзанд. Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки наҳру ҷӯйҳои назди манзилҳо аз ҳама гуна партов тоза шуда, ҳар як қитъаи замин оқилона истифода шавад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев ба деҳқонони ҷумҳурӣ тавсия додааст: дар киштзори картошка, ки аллакай ниҳолҳо неш зада баромада буданду шояд ба онҳо сармо таъсир карда бошад, аз онҳо муғчаҳои иловагӣ боз сабзида, ҳосил ба даст овардан имкон дорад.

“Дар чунин қитъаҳои замин корҳои нарм кардани назди ниҳолҳо, ғизодиҳии иловагӣ, хусусан, тавассути гузаронидани шарбатобмонӣ (бо истифода аз омода сохтани шарбатоб аз поруҳои чорвои калони шохдор дар қитъаҳои кишти зироат) метавонад  ба рустаниҳо кумак расонида, ҳосил ба даст оварда шавад”, - тавсия додааст ӯ.

Ба гуфтаи олим, дар заминҳои кишти помидор, бодиринг, тарбузу харбуза, сабзӣ  агар сардии ҳаво боиси нобуд гаштани онҳо шуда бошад,  бояд кишти такрории ин зироат гузаронида шавад.

“Ба киштзори пиёз, сармисоқ (чеснок) ва дигар кабудиҳо сардӣ камтар осеб расонидааст. Бо додани ғизои иловагӣ бо истифода аз миқдори зарурии нуриҳои органикиву маъданӣ метавон ба нашъу намои онҳо кумак расонида, ҳосили дилхоҳ ба даст овард”, - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Партоев, дар боғот нарм кардани назди ниҳолҳо, андохтани нуриҳо, аз қабили поруи пӯсида ва дигар нуриҳои органикӣ, инчунин нуриҳои маъданӣ бояд васеъ истифода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.