Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки низоми андозбандиро тариқи кам кардани имтиёзҳо бозбинӣ кунад.

“Ин метавонад заминаи андозро густариш бахшида, нобаробариҳоро кам кунад”, - гуфта мешавад дар Гузориши хароҷоти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ин ниҳод таҳия шудааст.

Қаблан намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия дода буданд, ки аз додани имтиёзҳо дар пардохти андоз комилан даст кашад.

Густариши заминаи андозоро тариқи пурра даст кашидан аз имтиёзҳо дар пардохти андоз онҳо барои афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои муҳиме чун тандурустӣ ва маориф, инчунин ҳифзи иҷтиомии аҳолӣ зарур медонанд.

Дар Кумитаи андоз қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар соли 2022 дар натиҷаи ҷорӣ шудани имтиёзҳо аз пардохти андоз ба буҷет 3,8 млрд сомонӣ (зиёда аз 370 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Ин нишондиҳанда ба 25%-и маблағи умумии воридот ба буҷет (15,4 млрд сомонӣ) аз пардохти андозҳо дар соли гузашта баробар аст.

Додани имтиёзҳоро дар Кумитаи андоз “ба ҷалби ҳаҷми зиёди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар” асоснок мекунанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ зикр кард, ки то ин дам дар пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ 120 имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, меъёрҳои 5 навъи андозҳо коҳиш ё бекор шуда, дар соли 2022 аз ин ҳисоб зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ ба сифати дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ нигоҳ дошта мешаванд.

“Дар натиҷа соли 2022 шумори субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки 76 ҳазор зиёдтар нисбат ба соли 2018 аст”, - изҳор дошт сарвари давлат.

Ғайр аз ин, мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ дар Гузориши худ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки “меъёри андозҳоро ба молҳои дорои самараи манфии зоҳирӣ” зиёд кунад.

Зери ин мафҳум ба эҳтимоли зиёд аксизҳое дар назар дошта шудааст, ки маъмулан ба маҳсулоти зараровар ба солимии инсон ва муҳити зист (машрубот, тамоку, маводи сӯзишворӣ ва ғайра) ҷорӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон Кодекси андоз дар таҳрири нав амал мекунад, ки дар он меъёрҳои нисбатан сабук аз рӯи баъзе андозҳо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.