Қарзи дебиторӣ аз истифодаи барқ то 1 июли соли равон бо назардошти солҳои пешин 3 млрд 831,3 млн сомонӣ (ҳудуди 360 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар зинаи аввали қарздорон истеъмолгарони маишӣ (аҳолӣ) қарор дорад, ки қарзи умумиаш беш аз 1 млрд 626,4 млн сомонӣ (ҳудуди 153 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин чунин корхонаҳо нисбатан зиёдтар қарздоранд:
- ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» - 492,5 млн сомонӣ;
- Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ - 134,3 млн сомонӣ;
- ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ – зиёда аз 87,2 млн сомонӣ;
Боз 1 млрд 490,9 млн сомонӣ қарзҳо ба дигар истеъмолгарон рост меояд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10, 4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 7,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ин ҳаҷми барқ аз ҷумла дар неругоҳҳои зерин истеҳсол шудааст:
- 7 млрд 950,2 млн киловатт-соат - дар неругоҳҳои ҶСК “Барқи тоҷик”;
- 1 млрд 308,8 млн – дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1”;
- 602,7 млн –ҶСК “НБО Роғун”;
- 393,6 млн – дар ҶСК “НБО Сангтӯда-2”;
- 111,7 млн – дар “Помир Энержи”;
- 5,3 млн – дар неругоҳҳои хурди барқӣ.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 арзиши миёнаи 1 киловатт неруи барқ 36,2 дирамро ташкил додааст, ки 5,9 дирам ё худ 19,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.