Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки лоиҳаи созишнома бо ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетикаро маъқул дониста, ба имзо расонад.
Лоиҳаи санад, ки дар он интиқоли барқ аз НБО “Роғун” ба Қазоқистон пешбинӣ мешавад, дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Дар он гуфта мешавад, интиқоли барқи нақшавӣ аз неругоҳи “Роғун” бо назардошти имконоти техникии кишварҳои ҳамсоя барои транзит тариқи хатҳои байнидавлатии интиқоли барқ амалӣ карда мешавад.
"Маркази ҳисоббаробаркунию молиявӣ оид ба дастгирии манбаъҳои барқароршавандаи энергия", ки ташкилоти зертобеъи Вазорати энергетикаи Қазоқистон мебошад, мутобиқаи созишнома бо ҶСК “НБО Роғун” дар бораи интиқоли барқ шартнома ба имзо мерасонад.
Муҳлати амали Шартнома 20 сол, аз рӯзи эътибор пайдо намудани Шартнома буда, имкони тамдид намудан он барои 10 соли дигар мавҷуд аст.
Интиқоли барқи нақшавӣ аз неругоҳи “Роғун” танҳо дар соатҳои камбуди он дар минтақаи Шимолу Ҷануби Системаи ягонаи электроэнергетикии Қазоқистон сурат мегирад. Ҳаҷми тахминии интиқоли нақшавии барқ, ки дар шартнома зикр мешавад, барои ба миён омадани уҳдадориҳои молиявӣ ё дигар уҳдадориҳои байни фурӯшанда ва харидор асос шуда наметавонад.
Транзити энергияи барқӣ аз ҶСК "НБО Роғун" то сарҳади Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби ҶСК "НБО Роғун" таъмин карда мешавад.
Арзиши барқи нақшавӣ аз ҶСК "НБО Роғун" ба андозаи 0,034 доллар (3,4 сент) барои 1 кВт/соат (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда, ки бо меъёри сифр "0%" пардохт мешавад) нисбат ба маблағи ҳаҷмҳои мутобиқи ҷадвалҳои ҳаррӯзаи тасдиқшудаи интиқоли энергияи барқ муайян карда мешавад.
Арзиши транзит дар асоси хароҷоти Фурӯшанда хангоми транзити энергияи барқӣ дар мамлакатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ то сарҳади Қазоқистон (бо шарти тасдиқи хароҷоти сарфшуда аз ҷониби Фурӯшанда) муайян карда мешавад.
Индексатсияи арзиши энергияи барқӣ аз ҶСК "НБО Роғун" дар асоси индекси нархҳои истеҳсолкунандагони ИМА, ки аз ҷониби Вазорати меҳнати ИМА, Дафтари омори ИМА нашр мешавад, соле як маротиба оғоз аз соли дуюми таҳвили энергияи барқи нақшавӣ амалӣ карда мешавад.
Содирот ҳамчун шарти сармоягузориҳои беруна
Қобили зикр аст, ки мавҷуд будани созишнома дар бораи интиқоли барқ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои сармоягузории хориҷӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” мебошад.
Чанде пеш Заминаи радабандии мустақили Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди бастаи маблағгузорӣ, ки ҳудуди 50%-и хароҷотро мепӯшонад, бо консорсиуми қарздиҳандагони бисёрҷониба ва дуҷониба гуфтушунид дорад. Боқимондаи нисфи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва даромад аз неругоҳе, ки сохта шуда истодааст, сурат мегирад.
Коршиносони S&P таъкид мекунанд, ки бастаи пешакии маблағгузории беруна аз 1,73 млрд доллар дар шакли қарзҳои нимаимтиёзнок, 850 млн доллар грантҳо ва 390 млн доллар қарзҳои имтиёзнок иборат аст. Маблағгузории беруна баъди аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия намудани созишномаҳо оид ба интиқоли барқ бо ҳукуматҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дастрас мегардад.
Қаблан зикр гардида буд, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (ҳудуди 460 млн доллар), аз ҷумла 2,8 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ равона кунад. Дар зарфи 9 моҳ ба идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 4,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 395 млн доллар) равона шудааст.
Дар бораи неругоҳи “Роғун”
НБО "Роғун" аз бузургтарин лоиҳа дар соҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт насб мешавад. Ба истифода додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.
Айни замон ду агрегати неругоҳи “Роғун” бо иқтидори кам кор мекунанд, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд.
Бино ба маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, нимсолдаи аввали соли ҷорӣ аз ҶСК “НБО Роғун” ҳудуди 600 млн кВт/соати барқ харида шудааст, ки қариб 360 млн кВт/соат камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст. Барқи неругоҳи “Роғун” ҳамагӣ ба 5,8% аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ баробар аст.