Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) изҳор доштанд, ки хавфҳои калидӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2025-2027 ба омилҳои беруна вобастаанд.
“Дар сурате, ки агар рушди сусти иқтисоди кишварҳои рушдёфта ва сустшавии рушди дарозмуҳлатии ММД-и Чин ба коҳиши бештар назаррас нисбат ба сенарияи заминавии ашёи хом оварда расонанд, Тоҷикистон ба коҳиши даромад аз содирот дучор мешавад”, - гуфта мешавад дар гузориши БАОР таҳти унвони “Пешгӯии макроиқтисодӣ барои давраи солҳои 2025-2027”.
Ҳамзамон, тибқи арзёбии муаллифни гузориш, дар сенарияи хавфнок бар асари сустшавии фаъолмандии иқтисодӣ ва заифшавии асъори миллӣ дар кишварҳои шарикони калидии рушд, метавонад интиқоли маблағҳо кам шавад.
“Дар натиҷа афзоиши истеъмоли хонаводаҳо ва фаъолмандии иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ суст мешавад”, - зикр мегардад дар гузориш.
Мутахассисони БАОР бар ин назаранд, ки поинравии эҳтимолии нархҳо ба тилло метавонад боз як омили хавфҳо барои иқтисоди Тоҷикистон шавад.
Таъкид мешавад, ки соли 2024 арзиши тилло ба таври назаррас афзуда, ҳудудҳои ниҳоии таърихиро дар давоми сол нав кард. Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои моҳи октябри соли 2024 болоравии солонаи нархҳо ба тилло ба ҳисоби миёна 41%-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи 13 соли охир аст.
“Аммо поинравии арзиши тилло зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла боздошти коҳиши меъёрҳои фоизӣ аз ҷониби бонкҳои марказӣ ё сустшавии ташаннуҷи вазъи геополитикӣ имконпазир аст, - менависанд муаллифони гузориш. - Бо назардошти нисфи содироти Тоҷикистонро ташкил додани тилло, поинравии арзиши он метавонад ба коҳиши даромадҳо аз содирот боис гардад. Ин дар навбати худ, ба рушди иқтисоди кишвар таъмири назарраси манфӣ мерасонад”.
Тибқи пешгӯиҳои БАОР, дар соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,4% ва соли 2026 - 8,0%-ро ташкил дода, соли 2027 - то 7,4% поин меравад.
Иқтисоди Тоҷикистон пас аз сустшавии рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), тайи се соли охир тибқи маълумоти расмӣ, бо суръати кофии баланд дар ҳоли рушд қарор дорад: соли 2021 - 9,2%, соли 2022 - 8,0% ва соли 2023 - 8,3%.
Тавре ки ҳукумат қаблан пешгӯӣ карда буд, суръати рушд дар соли равон ба гумони ғолиб на камтар аз 8,5% хоҳад буд. Дар зарфи 9 моҳи аввали сол тибқи маълумоти оморӣ, суръати рушд 8,4%-ро ташкил дод.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон рӯзи 28 декабр изҳор дошт, ки соли 2025 рушди иқтисоди ҷумҳурӣ бояд на камтар аз 8%-ро ташкил диҳад.