Як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шудааст. Дар ин бора, як манбаъ ба “Азия плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа, як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки чархболи тамғаи МИ-8 тахминан соатҳои 12:10-и рӯзи 4 август аз хатсайри ҳавоӣ нопадид гашта, дар деҳаи Пои Мазори ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ-и ВМКБ, ҳангоми фурудоӣ дар пиряхи Хирсон, дараи Абдулқаҳор ба садама дучор шудааст.

Сабабҳои ба садама дучор гардидани чархбол таҳқиқ мешаванд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита чунин изҳор дошт: “Чархобли посбонии марзӣ парвоз кард, дигар чизе дар ин бора намедонем, пайи таҳқиқи он ҳастем”.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.