Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷасадҳои як домоду арӯсро, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш тӯй шуда буданд, дар оғил пайдо кардаанд. Ин ҳодиса шаби 27 ба 28-уми март рух додааст ва ҳоло дақиқ нест, ки ин ҳодиса худкушӣ аст ё омили дигаре дорад.
Ҷасадҳои ин ҷуфти ноком, рӯзи 28-уми март ба хок супурда шудаанд.
Дастагул Мирзоева, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш дар суҳбат бо “АП” ин хабарро таъйид кард.
“Мутаасифона ду ҷавон дар деҳаи деҳаи Якатут Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл туйи арӯсӣ карда буданд, дар оғилхонаи хонаи шаҳ онҳоро овехта пайдо кардаанд. Дирӯз ҷанозаи ин ду ҷавон ба хок супурда шуд. Дирӯз ва имрӯз ҳам бо падару модари шаҳ суҳбат доштам. Ба гуфти падару модари Шарифбек, ҳам писараш ва келинаш сиҳату саломат буданд. Ҳеҷ як беморие надоштанд, баъди тӯяшон ҳарду хушу хурсанд будаанд",- гуфт Мирзоева
Гулҳавас Шоева, сокини деҳаи Дилбари ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён будааст. Ин ҷавонон бо розигии падару модар оила барпо кардаанд ва қаблан шиносоӣ ҳам надоштаанд,- гуфт Дастагул Мирзоева.
Ба гуфти раиси ҷамоат айни замон вобаста ба ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида истодаанд.
Салоҳиддин Исмоилзода, додситони ноҳияи Вахш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вобаста ба ин ҳодиса додситонӣ ба санҷиш шуруъ карда аст.
“Айни замон сабабу омилҳои даст ба худкуши задани ин ҷавонон маълум нест ва баъди санҷиши ҳаматарафа метавон хулосае кард”,- гуфт додситон Исмоилзода.
Дар ҳоли ҳозир назари наздикону пайвандони ин ҷуфти нокоми навхонадор дастрас нест.
Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан дар миёни мардум нигаронкунанда буда, солҳои ахир он хеле зиёд шудааст. Аммо ҳодисаи ахир, ки шоҳу арӯс ба ин кор даст зада бошанд, бори аввал буд, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.