Имрӯз, 9-уми март, соати 06:37 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 366-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ воқеъ будааст.

Қувваи заминларза дар умқи 116,2 километр воқеъ буда, дар марказаш  4,5 балл ва дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил додааст.

Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаи хурд рух додааст, ки шиддати онҳо то 4-5 дараҷа гуфта шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.