Мақомоти милитсия навори видеоеро, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар он дида мешавад, ки як мактабхон ҳангоми машқҳо оташ мегирад, таҳқиқ мекунад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодисаи мазкур рӯзи 6 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст.
Гуфта мешавад, дар мактаби зикршуда дар ин рӯз дар асоси нақша машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
“Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Раёсат дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла чӣ гуна ба либоси мактабхон гузаштани оташ хабар намедиҳад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти ҷумҳуриявии оташнишонӣ хабар доданд, ду нафаре, ки ба хомӯш кардани оташ талош доштанд, хонандагони синфҳои болоии ҳамин мактаб мебошанд.