Афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ ҳукумат ва чомеаро нигарон кардааст. Дар ин хусус дар Барномаи миллӣ оид ба пешгирии қонуншиканӣ байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 сухан меравад.
Муаллифони санад бо истинод ба омори расмӣ қайд мекунанд, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 904 расид ва соли 2019 - 873 ҷинояти ноболиғон сабт шуд.
Дар Барнома таъкид мешавад, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 14 339, соли 2018 - 16 035 ва соли 2019 - 16 923 қонунвайронкунии маъмурӣ сабт шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯйи маълумоти оморӣ, 80%-и қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон содир мегардад, ки пас аз гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ пас аз синфи 9 дар ҳеҷ куҷо дигар на таҳсил мекунанду на кор.
“Аз ҷараёни кору таҳсил дур мондани ноболиғон, мушкилоти равонӣ, хушунат дар оила ва ҷомеа, бо манзил таъмин набудан, вобастагӣ ба машрубот ва маводи нашъаовар сабабҳои манфии ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон буда метавонанд”, - омадааст дар Барнома.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.