Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷустуҷӯи ҷасадҳои муовини раиси “Оринёбонк” Шуҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов идома дорад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, кормандони хадамоти махсуси  ҷустуҷӯ ва наҷот ҳамарӯза дар соҳилҳои дарё ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо машғуланд.

“Корҳои ҷустуҷӯ аз шаҳраки Айнӣ то сарҳад бо Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст, - гуфт ӯ. -  Корҳо бетанаффус идома доранд, шароит душвор аст, зеро сатҳи об дар дарё баланд буда, маҷрояш хеле тез аст”.

Ёдрас мекунем, ки корҳои ҷустуҷӯ баъди маълум шудани эҳтимол ба дарёи Зарафшон партофтани ҷасадҳои Исмоилҷон Раҳмонов ва автомашинаи Hyundai Sonata бо ҷасади Шуҳрат Исматуллоев баъди содир гардидани ҷиноят оғоз шуданд.

Биткоинҳо ба маблағи 200 млн доллар

Муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23 июн, тахминан соати 20:10 дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд.

Рӯзи 7 июл Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 10 нафар рабудаанд ва роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд. Ба навиштаи ин ниҳод, нақшаи ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ гардидааст.

Ба таъкиди Додситонии кулл Дилшод Саидмуродов бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов ва дигарон Шуҳрат Исматуллоевро ба деҳаи Шодоб-1-и Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурда, дар яке аз хонаҳо то соати 03:00 рӯзи 24-уми июн, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Сурат аз сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ

Ин ниҳод менависад, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаи тамғаи “Хюндай – Соната”-ро дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

“Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд”, - менависад Додситонии кулл.

Рустам Ашӯров рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ ва бистарии беморхона шуд. Барои таҳқиқи ҳодиса ба Кишиноёв чанд корманди мақомоти Тоҷикистон сафар карданд, аммо Рустам Ашуров ба худ наомада, ҷон дод.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Украина (ҳамзамон дар Молдова) хабар доданд, шаби 8 ба 9 июл ҷасади Рустам Ашӯров ба Душанбе оварда шуд. Ба иттилои сафорат, мақомоти Молдова ҷасадро ба яке аз хешовандони Ашӯров супурдааст, ки бо ин мақсад ба Кишинёв омада буд.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, айни замон дар доираи ин парвандаи ҷиноятӣ 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ боздошт шуда, ному насаби онҳо зикр намешавад ва барои боздошти дигар шахсони дар ин ҷиноят дастдошта дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳои хориҷӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Лекин ба саволи асосӣ - бо кадом мақсад рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев - дар хабари Прокуратураи генералӣ посух нест.

Лекин то нашри изҳороти Прокуратураи генералӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани шахс барои биткоинҳо ба маблағи 100-200 млн доллар иқрор мешавад.

Рашк яке аз фарзияҳои асосӣ

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов рӯзи 12 июн рабуда шуд.

Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ӯро сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам ва шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович рабудаанд. Ҳар ду ба ҳабс гирифта шудаанд.

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", - навишт Додситонии кулл.

Ба навиштаи ин нниҳод, онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбати ҳарду бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а” ва “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба муттаҳамон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо дар сурати пайдо шудани ҷасади Исмоилҷон Раҳмонов, ба онҳо метавонанд то 25 соли зиндон барои куштор таҳдид кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.