Дар ноҳияи Варзоб мақомоти милитсия ду зани шаҳрванди Ӯзбекистонро ба гумони қаллобӣ бо роҳи макру фиреб ва сеҳру ҷоду боздошт намуданд.
Дар гузориши видеоии нашршудаи ВКД Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки Зулола Сайфуллоеваи 30-сола ва Юлдуз Бердиеваи 32-сола аз рӯи шикояти се нафар занон - сокинони ноҳияи Варзоб боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ин занон сокинони ноҳияи мазкурро фиреб дода, пулу ашёи гаронбаҳои онҳоро азхуд мекардаанд.
Мувофиқи гузориши видеоӣ, ин ду нафар зан бори нахуст соли 2023 ба ноҳияи Варзоб омада, зани 57-солаи сокини маҳаллиро фиреб додаанд.
Зани ҷабрдида мегӯяд, занҳо ба ӯ гуфтаанд, ки “хона бӯи хун мекунад” ва агар ӯ ба онҳо пул надиҳад, “писараш дар давоми ҳафта вафот мекунад”.
“Онҳо гуфтанд, ки писарамро мекушанд ё ӯ худро меовезад. Гуфтанд, ки инро пешгирӣ мекунанд. Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Аз ман 23 ҳазор сомонӣ, телефони худам ва ҳамсарам ва гӯшвораҳову ҳалқаамро гирифтанд”, - изҳор мекунад зан.
Баъди ин онҳо ба ватанашон (Ӯзбекистон) рафта, лекин пас аз чанд рӯз баргаштанд ва боз ду зани дигарро фиреб доданд.
Қобили зикр аст, ки боздошти ин ду зан аз кишвари ҳамсоя замоне сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон амалиёти зидди шахсони машғул ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷараён дорад ва тайи моҳи ахир мақомоти милитсия зиёда аз 50 нафарро ба гумони даст доштан дар ин амалҳо боздошт кард.