Даҳҳо афғонистонии муқими Тоҷикистон, ки дар се рӯзи охир дар кишвар ихроҷ шуданд, бо далоили гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум риоя накардани қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон берун карда шудаанд.
“Ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон идома дорад”
Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон, як созмони иҷтимоӣ, ки ба ҳимояи муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон машғул аст, ба “Азия-Плюс” берун кардани чанд шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ихроҷшудагон дар шаҳрҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим буданд.
Ӯ гуфт, “се рӯз боз мутобиқи дастури мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи назоратии босалоҳият ба кор оғоз кардаанд ва то кунун онҳо қонуншиканонро дастгир карда, парвандаҳои онҳоро пурра намуда, шуморае аз онҳоро ихроҷ карданд”.
“Ин раванд то ҳол идома дорад ва боиси нигаронии тамоми муҳоҷирони Афғонистон дар ин кишвар гардидаст”, - гуфт Баҳодурӣ.
Теъдоди дақиқи шаҳрвандони Афғонистон, ки аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, то ҳол дақиқ нест.
Дирӯз, 5-уми декабр Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар 2 рӯзи охир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон берун карда шудаанд.
Сабабҳои ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 6-уми декабр Мусаввир Баҳодурӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, далоили ихроҷи афғонистониҳо пеш аз ҳама риоя накардани қоидаҳои будубоши дар Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, ин шаҳрвандони Афғонистон аз ҷумла “барои гузоштани риши беназм, пӯшидани либосҳои бегона ва рафтори нодуруст дар ҷомеа, ки кишвари меҳмон бо он мухолиф аст, нӯшидани машрубот, низоъ ва эҷоди беназмӣ дар ҷомеа, баҳсу мубоҳисаҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тарвиҷи ифротгароӣ, динситезӣ ва ташвиқи дигарон ба ин масъала, ки дар Тоҷикистон манъ аст, кор кардан бе ҳуҷҷати расмӣ ва озор ва таҳқири мардум” аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд.
Ин иддаоҳоро тавассути манбоеи дигар тасдиқ ё рада карда намешавад, чунки мақомоти расмии Тоҷикистон онро шарҳ намедиҳанд ва назари худи ихроҷшудагон ҳам дастрас нест.
Дархости ёрӣ аз мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон гуфт, барои ҳалли масъала ба мақомоти амниятии Тоҷикистон ва намояндагии СММ дар умури гурезагон дар Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳои таъсиргузор муроҷиат карда, нигаронии худро расонидааст, вале то ҳаол вазъ тағйир наёфта, берун кардани шаҳрвандони Афғонистон аз хоки Тоҷикистон идома дорад.
Ба таъкиди вай, “депортатсияи афғонистониҳо ба кишвари аслашон, ки “Толибон”* дар он ҳукмфармост, хатарнок аст ва боиси аз даст додани ҳаёти баъзеи онҳо хоҳад шуд”.
Мақомоти Тоҷикистон ҳозир нестанд, ки қазияро расман шарҳ диҳанд. Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ихроҷи теъдоде аз афғонистониҳоро тасдиқ карда, гуфтанд, ки шарҳи қазияро аз Додгоҳи олии Тоҷикистон пурсед.
Аз бахши матбуоти Додгоҳи олӣ шарҳи қазияро ба додгоҳои қарорбароварда ҳавола карда, гуфтанд, ки “кадом суд (додгоҳ)-е, ки қарорро баровардааст, ҳамонҳо метавонанд шарҳ диҳанд”.
Аз намояндагии СММ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон гуфтанд, дертар бо нашри як варақаи матбуотӣ масъаларо шарҳ медиҳанд.
Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам дар робита ба ихроҷи афғонистониён иттилое намедиҳад.
“Дар хонаҳо бимонед ва қоидаҳои будубошро риоя кунед”
Хомӯшии мақомоти марбута дар ҳолест, ки Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон аз тамоми муҳоҷирон хостааст, ки низоми ҷамъиятиро вайрон накунанд ва қавонини Тоҷикистонро риоя кунанд.
Дар сурати сар задани мушкилӣ метавонанд ба кумитаи онҳо бо ин рақамҳо муроҷиат кунанд:
Рақамҳои тамоси раиси Кумитаи муҳоҷирон: 905 80 94 00 ва 917 96 28 82 (WhatsApp)
Рақамҳои тамоси муовини Кумитаи муҳоҷирон: 903 32 22 26
Рақами тамоси намояндаи кумита дар шаҳри Ваҳдат: 110075001
Дар гузашта ҳам чанд маротиба шаҳрвандони Афғонистонро аз Тоҷикистон ихроҷ ва ҷарима карда буданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳоро барои нақзи қонунҳои будубош ихроҷ мекунанд.
Вале созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ихроҷи онҳо ба кишварашон ба ҷонашон хатар дорад.
Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.