Дар ҷараёни сафари муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс ба Тоҷикистон дурнамои муносибатҳо байни Вашингтон ва Душанбе баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс аз 6 то 7 январ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар Департаменти давлатӣ Элис Уэллс ба муносибатҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ масъул аст.

Элис Уэллс дар Душанбе бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон вомехӯрад.. Зимнан масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву энергетикӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мешаванд.

Дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти расидан ба сулҳу осоиш дар Афғонистон ва таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.