Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки имрӯз то соати 15:00 аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.
Аз рӯйи қонунгузории Тоҷикистон, дар сурати иштироки беш аз 50%-и раъйдиҳандагон, интихобот баргузоршуда маҳсуб мешаванд. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи душанбе, 2-юми март маълум хоҳанд шуд.
Имрӯз овоздиҳӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз соати 6-и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то соати 20:00 давом меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳудуди 4 миллиону 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи раъйдиҳӣ доранд.
То соати 8-и шом ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 412 адад ва ҳамчунин берун аз Тоҷикистон 39 қитъаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.
Ба палатаи поёнии парлумон аз 241 номзад 63 вакил интихоб мешаванд. Айни замон 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ ва 65 номзад аз рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ барои 22 курсии вакилӣ рақобат доранд. Дар байни номзадҳои расман сабтиномшуда 48 нафарашон занон мебошанд.
Ҷараёни интихоботро беш аз 230 нафар мушоҳидони байнулмилалӣ назорат доранд. Ҳамзамон зиёда аз 250 хабарнигори ВАО-и дохилию хориҷӣ ҷараён ва натоиҷи онро инъикос мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.