Президенти Русия Владимир Путин рӯзи якшанбе зимни суханронӣ дар назди аъзои ҳизби “Русияи воҳид” аз пешниҳоди кишварҳои Ғарб бобати то гирифтани раводид ба ИМА ва Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир намудани гурезаҳои Афғонистон интиқод кард, хабар медиҳад ТАСС.
“Шарикони ба истилоҳ ғарбии мо дар ин масъала пойфишорӣ мекунанд. Яъне ба ин кишварҳои ҳамсояҳои мо бидуни раводид мумкин будаасту барои худашон бе раводид намехоҳанд. Ин чӣ гуна муносибати таҳқиромез дар ҳалли масъала аст?”, - гуфтааст Путин.
Ӯ зикр кардааст, ки ин масъала дар нишасти СААД ва дигар майдонҳо баррасӣ шуда, Русия бо шарикон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоси доимӣ қарор дорад.
“"Онҳо ба ҳар гунае шарикон ва иттифоқчиёни наздиктарини мо ҳастанд. Мо бо онҳо марзҳои муштарак дошта, аммо ҳеҷ гуна маҳдудияти раводид вуҷуд надорад. Тасаввур кунед: гурезаҳо ба яке аз ин кишварҳо ворид шуданд, миёни ин гурезаҳо киҳо ҳастанд, мо онҳоро аз куҷо медонем? Онҳо метавонанд ҳазору сад ҳазор ва шояд миллион нафар бошанд. Мо бо шариконамон ҳеҷ гуна маҳдудияти раводид надорем. Ҳа, як сарҳаде вуҷуд дорад. Бо чизе, ки хоҳанд, хоҳ мошину хоҳ ҳатто хар даштаро мегузаранд. Пас мо бо ин ҳолат чӣ кор мекунем?”, - таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб кардааст Путин.
Таъмини амнияти миллиро ӯ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятнок, аз ҷумла барои Вазорати корҳои хориҷии Русия номид.
Аз нимаи август даҳҳо ҳазор афғонҳо бо ҳарос аз ҷони худ ва бовар надоштан ба ваъдаҳои Толибон дар мавриди авф ва саркӯб накардани рақибони худ, талоши тарки кишвар мекунанд.
ИМА, Британияи Кабир ва баъзе кишварҳои Аврупо барои қабули паноҳандагон аз Афғонистон изҳори омодагӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.