Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 25 август мулоқоти байни вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, гуфтушунид баргузор гардид.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ рушди баъдии ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ баррасӣ шуда, барои рушди минбаъдаи он ҳавасмандии зоҳир шуд.

Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба баргузории Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ нимаи дуюми имрӯз ба шаҳри  Тошканд раҳсипор мегардад.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, рӯзи душанбе қабл аз сафар ба кишварҳои минтақа - Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ изҳор дошт, ки “Исломобод аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки бо ҳаракати тундгарои “Толибон” ба муколама пардозанд”.

“Ҷомеаи байнулмилалӣ бояд бо толибони афғон дар тамос бошад”, - иброз дошта буд Қурайшӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфта буд, Покистон ният дорад, ки ба сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар мусоидат намуда, умедвор аст, ки дигар кишварҳо низ чунин рафтор мекунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.