Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати нави Толибон (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон истиқбол кардааст.
Гурӯҳи Толибон 7-уми сентябр дар Кобул бо баргузори як нишасти хабарӣ Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро роҳбари олии Афғонистон ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнудро сарпарасти раиси ҳукумати Толибон эълон карданд.
Хабаргузории ӯзбекии kun.uz бар пояи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар навиштааст, ки Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати сарпараст дар Афғонистон истиқбол мекунад.
“Умедворем, ки ин тасмим оғози расидан ба ризоияти васеи миллӣ, барқарор кардани сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ омодагии худро барои густариши муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави Афғонистон изҳор доштааст.
Аммо қаблан намояндаи доимии Афғонистон дар СММ гуфта буд, ки ҳукумати Толибон фарогир нест. Амрико ҳукумати нави Афғонистонро “террористони хатарнок” ном бурдааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.