Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар ҷараёни сафар ба Остона (Қазоқистон) ба Осиёи Марказӣ барои коҳиши вобастагӣ аз Русия кумак ваъда кард, менависад Азаттык.
Дар ҷараёни вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақа дар пойтахти Қазоқистон дар қолаби С5+1 котиби давлатии ИМА дар бораи бастаи нави кумаки Вашингтон ба маблағи 25 млн доллар хабар дод.
Блинкен изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад.
Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сафари Блинкенро “такони иловагӣ” ба ҳамкории давлатҳо номидааст.
Дар навбати худ котиби давлатии ИМА изҳор доштааст, ки Қазоқистон барои зиён аз таҳримҳои зидди Русия ҷуброн мегирад.
“ИМА ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”, - иброз доштааст дар Остона котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, хабар медиҳад Orda.
Тибқи маълумоти ӯ, ширкатҳое, ки фаъолияташонро дар Русия коҳиш медиҳанд, имконоти нав пайдо мекунанд.
Зимни нишасти матбуотӣ дар Остона Блинкен ҳушдорҳои худ алайҳи Чинро дар сурати пуштибонии низомии Чин аз Русия дар ҷанг бо Украина такрор кард.
Департаменти давлатии ИМА дар изҳороти худ аз 27 феврал ин вохӯриро ба сифати як нишасте арзёбӣ намуд, ки “ба ҳамкорӣ дар дохили минтақа ва байни ИМА ва Осиёи Марказӣ барои ноил шудан ба "Осиёи Марказии мустақил, шукуфон ва амн, ки мушкилоти муштаракро дар шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида ҳал мекунад, таҳким мебахшад".
C5+1 яке аз воситаҳои дастгирии ИМА аз "истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ"-и кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст”, - зикр мешавад дар изҳорот.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии минтақа дар қолаби С5+1 иштирок кард.
“Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд”, - зикр мегардад дар хабари ВКХ Тоҷикистон дар ин хусус.
Қобили зикр аст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен шаби 28 феврал ба шаҳри Остона омад. Аз Қазоқистон ӯ ба Ӯзбекистон ва аз он ҷо ба Ҳиндустон - ба нишасти “Бистгонаи бузург” раҳсипор мегардад.