Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аз вазифааш барканор шуд, бо Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 сарфароз гардонида шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар бинои маркази равобити «Пойтахт» рӯзи 12 январ бо иштироки нахуствазири ҷумҳурӣ, вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои идории шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳайати нави роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар ин маросим ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мукофот супурда шуд.
Қоҳир Расулзода ба ҳозирин раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовинони ӯ Маҳмадсаид Зувайдов, Бахтиёр Назирмадзода, Мавсума Муинӣ, Қурбон Саидзода ва Фаррух Ҷумазодаро муаррифӣ кард.
Ҳамчунин дар ин маросим иҷрокунандагони вазифаҳои раиси ноҳияи Синои пойтахт - Нусратулло Салимзода, ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Самӣ Шариф ва ноҳияи Шоҳмансур - Низом Ҳакимзода низ муаррифӣ шуданд.