Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» ҷонибдорӣ намуд.
Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, имсол даромади буҷети давлатӣ ба миқдори 13,6 млн. сомонӣ камтар мешавад.
Зимни шарҳи моҳияти тағйироту иловаҳо ба вакилон, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки ҳукумат пешниҳод кардааст, шаҳрдории пойтахт барои воридоти автобусҳои мусофирбар ба маблағи умумии 51,4 млн. сомонӣ, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шавад. Маблағи аз андоз ва боҷи гумрукӣ озодшуда 12,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, ҳукумат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоти ангиографиро пешниҳод намудааст, ки барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифода шуда, маблағи аз андоз ва боҷи гумрукӣ озодшуда дар ин ҳолат 1,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти универсалии ангиографии истеҳсоли Япония 5,5 млн. сомонӣ арзиш дошта, дар беморхонаи клиникии Данғара насб хоҳад шуд.