Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ анъанаи пардохти иловапулии якдафъаинаро ба нафақахӯрони синни аз 75-сола боло, ки аз замони собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев боқӣ монда буд, идома медиҳад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳр ба ҳар кадоме аз 9 ҳазору 91 нафар сокинони пойтахт, ки синнашон аз 75-сола боло аст, 100 сомонӣ иловапулии якдафъаина пардохт карда мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки бо ин мақсад аз буҷети пойтахт ҳудуди 1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин анъанаи пардохти иловапулии якдафъаина ба нафақахӯрони синни аз 75-сола болоро панҷ сол пеш собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳандозӣ намуда буд, вале он замон нафақахӯрон онро нимаи моҳи октябр мегирифтанд.