Дар ҷаласа доир ба омӯзиши паёми президенти Тоҷикистон дар толори дафтари ширкати «Тоҷик Эйр» прокурори нақлиёти Тоҷикистон Абдурашид Гулматшо изҳор дошт, ки тақрибан 80-90%-и шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби гумоштагони созмонҳои ифротгаро ҷалб шудаву ба Ироқу Сурия раҳсипор мешаванд, сафарашон тариқи қаламрави Русия сурат мегирад.

«Бисёре аз шаҳрвандони тоҷике, ки ба доми гурӯҳои ифротгарои ҷалби ҷавонон афтодаву ба ҷанги «муқаддас» ба «кофирон» ба кишварҳои араб фиристода мешаванд, аз Русия сафарбар шуда, қисмате аз онҳо дар набардҳои мусаллаҳона ҳалок шудаанд», - гуфт ӯ.

Прокурори нақлиёт аз волидон даъват кард, ки ба донишандӯзии фарзандонашон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо қурбони гурӯҳҳои ифрогаро нашаванд.

«Волидон баъди хатми мактаби миёна фарзандони худро барои пулкоркунӣ ба Русия ва дигар кишварҳо мефиристанд, ки аксари онҳо ҷаҳонбинии дуруст надошта, забонро ҳатто дар сатҳи оддӣ намедонанд. Аз ин рӯ, бархе аз ночорӣ ба ифротгароён пайваста, ба ҷанг ба кишварҳои араб мераванд», - иброз дошт номбурда.

Ӯ бар ин назар аст, ки ин даргириҳои мусаллаҳона барои манфиати кишварҳо ва гурӯҳҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда, «фарзандони мо дар дасти онҳо як лӯхтаканд».

Бино ба маълумоти Прокуратураи геералии ҶТ, айни замон дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар кишварҳои минтақаи Шарқи Наздик беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд.