Дар Маскав рӯзи 8-уми октябр ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳо, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо зимни пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори гурӯҳи афюн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

1/9

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни ҷаласа вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев натиҷаи чорабиниҳои муштараки дуҷонибаро оид ба ҷустуҷӯйи ҷинояткорони пинҳоншуда пурсамар арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки муддати якчанд рӯзи ҳамкории гурӯҳҳо дар моҳи март макони будубоши 78 ҷинояткори дар Тоҷикистон пинҳоншуда муайян гардид.

“Соли гузашта ва ним соли 2019 дар доираи амалиёти “Канал” (Долон) дар қаламрави Русия наздики 2,5 ҳазор ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва 765 кило мухаддарот мусодира шуд, - гуфт Колоколтсев. - Ҳамтоҳои тоҷикистонӣ дар ин давра мутаносибан 16 чунин амали ғайриқонуниро пешгирӣ ва қариб 100 кило маводи мухаддир мусодира карданд”.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Русия, кумаки саривақтии ҳамтоёни тоҷикистонӣ ба анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории 6 узви гурӯҳи ҷиноятпеша, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, мусоидат кард.

“Аз моҳи декабри соли 2016 то моҳи июни соли 2017 ин гурӯҳ дар қаламрави минтақаи Маскав як силсила ҷиноятҳои роҳзаниву ғоратгарӣ содир карда буд”, - гуфт ӯ.

Дар интиҳои ҷаласа нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон барои соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.