Чор нафар исломгароёнро аз Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт карданд.
Тавре нашрияи олмонии Zeit Online хабар медиҳад, онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд.
“Пешвои эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б.-и 30-сола аз соли гузашта дар ҳабс қарор дошт. Тибқи маълумоти “Шпигел”, муфаттишони прокуратураи федералии Карлсруэ мутмаинанд, ки ин шахсон ба сафи ДОИШ шомиланд. Мутаносибан, онҳо моҳи январи соли 2019 бояд амали террористӣ анҷом медоданд. Онҳо бо шахсони воломақоми ДОИШ дар Сурия, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавии террористӣ робита доштанд”, - менависад нашрия.
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, гурӯҳи террористӣ нахуст ба Тоҷикистон рафтанӣ будааст, то ки дар он ҷо бо ҳукумат мубориза барад, вале ба ҷойи ин онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар Олмон ҳамлаҳо содир мекунанд.
“Ин гурӯҳ таҳти роҳбарии Равшан Б. нахуст ташкилотҳои амрикоиро дар Олмон ҳадафи имконпазири ҳамла қарор додаанд. Аъзои гурӯҳ дар интернет маводеро фармоиш додаанд, ки ба тайёр кардани дастгоҳи тарканда кумак мекунад. Дар ҷараёни рейдҳои гузашта мақомоти пулис силоҳи оташфишон мусодира карда буд, аз ҷумла яке аз онҳо аз худи Равшан Б. гирифта шуда буд”, - илова мекунад нашрия.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.