Намояндагони ҳаракати “Толибон” ба дипломатҳои Русия итминон доданд, ки сарҳадҳои давлатҳои Осиёи Марказиро гузаштанӣ нестанд.
Тавре ВКХ Русия хабар медиҳад, гуфтушунидҳоро бо толибон намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва собиқ сафир дар ин кишвар Замир Кобулов роҳбарӣ кардааст.
Ҳайати дафтари кории “Толибон”дар Қатарро, ки барои музокирот ба Маскав омада буданд, шайх Шаҳобуддин Диловар сарварӣ доштааст.
“Ҷониби Русия дар мавриди шиддати вазъият дар ноҳияҳои шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, даъват кард, ки ба роҳ наёфтани чунин шиддатгирии вазъият дар берун аз ҳудуди кишвар роҳ дода нашавад”, - изҳор доштааст ВКХ Русия.
Гуфта мешавад, толибон изҳори итминон додаанд, ки хатти сарҳади кишварҳои Осиёи Марказиро намегузаранд ва инчунин кафолат додаанд, ки амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Афғонистон таъмин мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки Толибон ҳамчунин изҳор доштаанд, ки бо хатари Давлати исломӣ (ДОИШ) дар Афғонистон қотеъона мубориза бурда, пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба истеҳсоли маводи нашъаовар дар қаламрави кишварашон хотима мебахшанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.