Дар робита ба эҳтимоли зиёди хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон Кумита хабар медиҳад, ки муддати чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб хатари лағзиши тарма, резиши санг ва фаромадани сел боқӣ мемонад.
“Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ кунанд”, - муроҷиат карда мешавад ба аҳолӣ.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва БДА маълумот ба даст оварда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат кардан зарур аст.