Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари зиёди фаромадани тармаву сангреза ва ярчу сел боқӣ мемонад.

Дар хабари Кумита зикр мешавад, ки чанд рӯзи оянда дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб лағзиши тарма, резиши санг ва сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, соати 07:42 дақиқаи рӯзи 9 март дар километри 472-юми роҳи мошингарди Дарвоз - Ванҷ - Рӯшон, дар қаламрави деҳаи Шипати ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвосиев (ВМКБ) сангреза ба қайд гирифта шуд.

Айни замон дар ин ҷо корҳои тозакунии роҳ ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст, зикр мегардад дар хабари Кумита.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад эҳтиёткор бошанд ва дар чунин рӯзҳои ҳассос аз рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва ғайра худдорӣ намоянд. Бахусус ба кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввал дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои муътамад, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, БДА маълумот ба даст орнад. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.