Модари Саидакрам Раҷабализода, яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав аз қазияи ба сари фарзандаш омада хабар надорад ва интизори занги ӯст. Бародараш намедонад, ки барои ҳимояи додараш ба куҷо муроҷиат кунад. Омӯзгорону ҳамдеҳагон бовар надоранд, ки Саидакрам даст ба одамкушӣ зада бошад.
Саидакрам Раҷаблизодаи 30-сола рӯзи 23-юми март бо гумони ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”, ки дар пайи он 144 кас куштаву садҳо нафар захмӣ шуданд, боздошт ва як рӯз пас барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Дар наворе, ки шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия пахш карданд, дида мешавад, ки лаҳзаи боздошт гӯши ӯро бурида, ба даҳонаш мегузоранд ва кӯшиш мекунанд, ки фурӯ барад.
Модари бехабар аз тақдири писар
Хонаи Саидакрам (дар деҳа ӯро бо номи Додар ҳам мешиносанд) тақрибан 30 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳи деҳаи Чаманзор ё Гургхӯрдаи шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст.
Вақте 5-уми апрел ба хонаи ӯ рафтем, наздиконаш баъди бозпурсии мақомот, ҷавоб шуда буданд. Онҳо бо баҳонаи “хоҳиши мақомот” розӣ нашуданд, ки дар пеши дурбин суҳбат кунанд. Танҳо модару бародараш бидуни сабт ба чанд суоли мо посух доданд.
Модари Саидакрам аз қазияи ба сари фарзандаш омада хабар надорад. Мақомот ва наздиконаш бо сабаби вазъи саломатӣ (бемори қабл аст) дар бораи писараш ба ӯ чизе нагуфтаанд.
Ин зан 7 фарзанд - 3 писар ва 4 духтар дорад ва Саидакрам фарзанди хурдии хонадон аст. Ӯ мегӯяд, соли 2006, вақте шавҳараш вафот кард, фарзандонашро бо машаққат калон кардааст.
“Саидакрам 12 сол дошт, ки падараш дунёро такр кард. Зиндагӣ мушкилтар шуд, аз ин лиҳоз, натавонистам ӯро ба донишгоҳ дохил кунам. Шукр, ҳоло калон шудааст ва меҳнат мекунад”, - гуфт ин модар ва бо чашмони суоломез ба мо нигарист.
Ӯ мехост аз мо пурсад, ки сабаби ин қадар таваҷҷуҳ ба писараш чист, аммо суханро ба дигар сӯ бурдани Насриддин, писари дигараш, ӯро аз ин раъяш баргардонд.
Насриддин гуфт, ҳар боре модараш дар бораи сабаби таваҷҷуҳи мақомот ва рӯзноманигорон аз ӯ мепурсад, баҳона мекунад, ки муддати зиёд аст аз писараш дарак нест ва таваҷҷуҳ шояд аз ин сабаб бошад.
“Тӯҳмат карданд, ӯ қурбон шуд”
Саидакрам 6-уми январи соли 2024 ба Русия рафтааст. Рӯзи 9-уми январ ба бародараш занг зада, гуфтааст, сиҳату саломат расид ва дар ҷойе, ки кор мекунад, мавҷ нест, аз ин лиҳоз 15-20 рӯз баъд занг мезанад.
“Пештар ҳам дер-дер занг мезад, барои ҳамин вақте ин бор муддати зиёд занг назад, хавотир нашудем. Вақте 23-юми март кормандони мақомоти қудратӣ ба хона омада, акси додарамро нишон доданд, аз ҳодиса бохабар шудем”, - гуфт Насриддин, бародари Саидакрам.
Насриддин ва дигар аъзои оилаи Саидакрам бовар надоранд, ки ӯ ба амалиёти террористӣ даст зада бошад.
“Саидакрам аз ман 10 сол хурд аст. Баъди сари падар ӯро ман калон кардам. Хислаташро медонам, ба касе кор надошт, беозор буд. Кор мерафту бегоҳ хона меомад. Худро аз одамон канор намегирифт, вале ҷӯрабозу оворагард ҳам набуд. Ӯро тӯҳмат карданд, қурбонӣ шуд”, - гуфт Насриддин.
“Барои хариди мошин рафта буд”
Саидакрам баъди хатми мактаб қариб ҳар сол ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мерафт. Асосан, дар сохтмон кор мекард. Хидмати ҳарбӣ накардааст.
Соли 2017 оиладор шуда, як сол баъд боз ба Русия рафт. Баъди 10 моҳи кор, охири соли 2018 барои 5 сол аз ин кишвар ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон омада, дар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ё маъруф ба бозори “Мебел”-и Ваҳдат кор мекард.
“Борбардорӣ мекард ва ҳар рӯз 100-200 ва ё баъзан 20 сомонӣ ба даст меовард. Бори охир вақте ба Русия мерафт, гуфт, пули як мошинро кор мекунад ва бармегардад”, - гуфт Насриддин.
Ҳамкорони пешини Саидакрам дар бозори масолеҳи сохмони Ваҳдат нахостанд бо мо суҳбат кунанд.
“Гоҳ намоз мехонд, гоҳе не”
Насриддин мегӯяд, додараш мазҳабӣ набуд, “гоҳ намоз мехонд, гоҳ не”.
“Як бачаи бепарво буд. Ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегуфт ва шикастанафс буд. Агар ӯ ба пул таваҷҷуҳ медошт, хонааш обод мешуд. Ҳоло ҳам дар хонаи кӯҳнаи падарӣ зинагӣ дорад. Агар ӯ кореро, ки ҳоло мегӯянд (Теракт дар назар аст-идора), мекард, аз рафтораш маълум мешуд”, - зикр кард Насриддин.
Яке аз мӯйсафедон, ки дар дохили масҷиди деҳа вохӯрдем, гуфт, Саидакарам кам ба масҷид меомад ва ӯро гоҳ-гоҳ дар намози шом ё хуфтан медиданд.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Ҳуррият”-и Туркия менависад, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуд ва 2-юми март ба Русия баргашт.
Ҳамон рӯз Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” ҳам аз Туркия ба Русия рафт. Маълум нест, ки онҳо якҷо буданд ё на. Аммо мақомоти Туркия гуфтанд, гумон намекунанд, ки будубоши ин афрод дар кишварашон сабаби гароиши онҳо ба ДОИШ* шуда бошад.
“Хонандаи миёнахон ва меҳантдӯст буд”
Саидакрам соли 2012 мактаби №134-и деҳаашро хатм кардааст. Хабари даст доштани Саидакрам дар теракт омӯзгорони ин мактабро дар ҳайрат гузоштааст. Онҳо бовар надоранд, ки ӯ ба чунин амал даст задааст. Чанде аз омӯзгорон, ки ӯро дарс додаанд, аз Саидакрам бачаи миёнахон, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол ва меҳнатдӯст тавсиф карданд.
Ғунчагул Қодирова, яке аз омӯзгорон ва роҳбари синфи Саидакрам гуфт, ӯ як бачаи оромтабиат, беозор буд ва касе аз ӯ зарар надидааст.
“Рӯзе агар дарс намеомад ё бетайёрӣ меомад, мепурсидем, мегуфт, ба волидайнаш кумак кард. Зиндагии фақирона доштанд. Вақте падарашон бемор буд, ҳама кор ба дӯши Саидакрам ва бародаронаш буд. Ҳатто берун аз мактаб касе аз ӯ шикоят надошт. Оилаашон оилаи хуб аст. Вақте мо ин хабарро фаҳмидем, ба ҳайрат афтодем. Аз чунин оила ин хел фарзанд намебарояд”, - гуфт Қодирова.
“Зиндагии фақирона доранд”
Фазлиддин, яке аз ҳамсояҳои Саидакрам мегӯяд, аъзоёни ин оила бо ҳеҷ яке аз ҳамсоягон муноқиша ё ихтилоф надоштанд.
“Чанд маротиба бо мошинам ба бозори “Мебел” бурда овардаам. Андешаҳои ифротӣ надошт. Ба касе кор надошт. Албатта, ки бенамоз намегашт, вале дар муқоиса бо дигар бародаронаш, ба масҷид кам мерафт. На танҳо ман, ҳамаи аҳли деҳа бовар надоранд, ки Додар (Саидакрам, дар назар аст, - идора) ба ин кор даст зада бошад. Ӯ як мурғро кушта наметавонист”, - гуфт Фазлиддин.
Дар интизори занги фарзанд...
Ҳамакнун, модари Саидакрам, ки мисли падараш аз бемории дил ранҷ мебарад, аз тақдири писар бехабар ва интизори зангаш аст.
“Саидакрам гуфт, ки 5-уми апрел занг мезанад, ҳоло интизори зангаш ҳастам”, - мегӯяд модар.
Насриддин мегӯяд, дигар намедонад то кай баҳона ва модарашро фиреб мекунад. Ӯ намедонад, ки ин қазия бо чӣ меанҷомад ва чӣ гуна метавонад аз додараш ҳимоя кунад.
“Ягона умеди мо Худо аст. Аз Худо илтиҷо дорам, ки адолатро барқарор кунад”, - мегӯяд Насриддин.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.