Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар робита ба маълумот доир ба муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Братск изҳороти расмӣ пахш намуд.

«Расман изҳор мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа даъватнома нагирифта ва мутаносибан ҳеҷ як дастаеро барои иштирок дар он сафарбар накардааст», - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, бинобар ин дастаи дар мусобиқаи Братск иштироккарда расман ҳамчун мунтахаби Тоҷикистон муаррифӣ шуда наметавонад ва ин мусобиқа миёни намояндагони диаспораҳо гузаронида шудааст.

«Ба васоити ахбори умумии ҷудогона бо истифода аз ин ҳодиса муяссар нахоҳад шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва бародарона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин байни федератсияҳои миллии футболи ҳарду кишварро халалдор созанд», - таъкид мешавад дар изҳороти расмии ФФТ.