Ба шахсе, ки ҳама чиз дорад, боз чӣ метавон ҳадя кард? Шояд имрӯз дӯстону наздикони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз, 5 октябр 64-солагиашро ҷашн мегирад, сари ин мушкил фикр дошта бошанд. Имсол ба президент чӣ туҳфаҳо тақдим мекунанд, алҳол маълум нест, вале «Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки пештар чӣ гуна туҳафҳо гирифтани сарвари давлатро ба хотир орад.
Аз Путин
Чор сол пеш Эмомалӣ Раҳмон 60-солагиашро қайд кард. Ҷашни зодрӯзи ӯ ба рӯзҳои сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон рост омад. Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон милтиқи муосири мерганӣ ва нусхаи корти сабти маллоҳ (матрос)-и Флоти ҳарбӣ-баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард.
«Ман ҳамеша медонистам, ки Шумо шахси оқилед ва моро маҳз дар зодрӯзатон даъват кардаед ва имрӯз мо ягон хоҳиши шуморо рад карда наметавонем. Моро лозим меояд, ки ҳамаи чизи аз мо дархосткардаатонро ба имзо расонем», - шӯхиомезона гуфта буд Путин.
Аз Лукашенко
Соли 2011 сафари президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон низ ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон рост омада, дар Душанбе сарони кишварҳо бо ҳам теннисбозӣ кардандв а сипас Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон ракеткаи теннис ҳадя кард, ки ба тенисбоззани маъруфи белорусӣ Виктория Азаренко тааллуқ дорад.
Аз Бердимуҳаммедов
Соли 2013 президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар зодрӯзи президенти Тоҷикистон ба ӯ аспи ахалтекинӣ бо лақаби «Диёр»-ро туҳфа кард.
Аз ИДМ
Соли 2007 дар нишасти ИДМ дар Душанбе ба муносибати 55-солагӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони фахрии ИДМ қадрдонӣ шуд.
Аз мардум
Чор сол пеш сокинони шаҳри Хуҷанд ба қуллаи баландтарини шимоли Тоҷикистон - Музбек (1624 метр) баромада дар он расм (портрет)-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро насб карданд. Паҳлӯи он расми президенти Русия Владимир Путин низ гузошта шуд, ки ду рӯз пештар аз ҳамтои тоҷики худ зодрӯзашро ҷашн мегирад.